Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Боша (паранда)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Боша (паранда)
Табақабандии илмӣ
Салтанат:
Зерсилсила:
Бе ранг:
Инфратип:
Забарсинф:
Зероила:
???:
Боша (паранда)
Номи илмӣ

Боша — як навъ парандаи соҳиб­чан­голи аз боз хурдтар.

Дарозии танааш 30–38 см, вазнаш 190–300 г; Бошаи модина калонтар аст. Боли кӯто­ҳу думи дарози Боша барои дар байни дарахтон зуд парвоз кардан му­тобиқ шудааст. Парҳои тах­та­пушти Боша хокистарранг, пар­ҳои шикамаш сафедча бу­да, нақшҳои зарди сурхтоб до­ранд. Минқору чанголаш си­ёҳ; чаш­монаш сурхча, пой­ҳо­яш кӯто­ҳу ғафс, бақувват. Дар дарахт ло­на сохта, 3–5 тухми якранг ё доғдор мегузорад. Тухм­ро ода­­тан Бошаи модина ме­хобонад. Ба чӯҷаҳо ҳар ду ҷинс ғизо ме­диҳанд. Боша хоян­даҳои майда, парандаҳо, калтакалос, баъзан обхо­киҳо, ха­зан­даҳо, ҳашарот (малах, парвона ва ғ.)-ро дошта ме­хӯ­рад. Дар ҷануби Аврупо, Осиёи Ҷанубӣ, Аф­ғо­нистон, Эрон, Африқо, Қрим, Қафқоз ва Осиёи Мар­казӣ паҳн шудааст. Дар Тоҷикистон дар соҳили дарёҳои Сир, Зарафшон, Бадахшон, Кофарниҳон, Сурхоб, поиноби дарёи Панҷ дучор мешавад.

  1. Integrated Taxonomic Information System (ингл.) — 1999.
  2. IOC World Bird List Version 6.3 — 2016. — doi:10.14344/IOC.ML.6.3
  3. World Bird List (ингл.): IOC World Bird List — 6.4 — IOU, 2016. — doi:10.14344/IOC.ML.6.4