Боязиди I
Дар ин мақола гурӯҳҳои мавзуотӣ илова нашудааст. Шумо метавонед ба лоиҳа кӯмак расонед, ба воситаи иловаи гурӯҳҳои буда ва ё эҷоди гурӯҳҳои нав. |
Боязиди I | |
|---|---|
| усм. بايزيد اوَّل | |
| | |
| Таърихи таваллуд | тақрибан 8 марти 1354 |
| Зодгоҳ | |
| Таърихи даргузашт | 8 марти 1403 (49 сол) |
| Маҳалли даргузашт | |
| Самти фаъолият | фармонраво, шоир, Султон |
| Падар | Murat I[d] |
| Модар | Gülçiçek Hatun[d] |
| Завҷа | Olivera Lazarević[d], Devletşah Hatun[d], Maria Fadrique d'Aragona, Countess of Salona[d] ва Hafsa Hatun[d] |
| Фарзандон | Süleyman Çelebi[d], İsa Çelebi[d], Mehmet I[d], Mustafa Çelebi[d], Musa Çelebi[d], Ertuğrul Çelebi[d] ва Fatma Hundi Hatun[d] |
| Имзо |
|
Боязиди I , Йилдирим (тақрибан 1347–8.3.1403) — султони турк (1389–1402) аз сулолаи Усмониён.
Фаъолияти ҳарбӣ ва сиёсӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сиёсати истилогаронаи гузаштагонашро давом дода, бо лашкаркашиҳо Сербия (1389), Булғория, Македония, Босния, Фессалия, Маҷористонро (1393–96) тобеъ намуд. Боязид мавқеашро дар нимҷазираи Балкан мустаҳкам карда, Румро забт намуд ва лашкараш Константинополро ба муҳосира гирифт. Шоҳи Маҷористон Сигизмунд ҷабҳаи муштараке аз баварҳо, бургундҳо, фаронсавиҳо ва ритсарҳои поляк созмон дода, алайҳи Боязид ҷанги салибӣ эълон намуд, вале дар муҳорибаи наздикии Никопол (1396) шикаст хӯрд. Лашкари Боязид солҳои 1394–1401 шаҳри Константинополро муҳосира намуда, амирони Анатолияро пурра зери тасарруфи худ дароварданд. Хатари тасхир ва тобеияти комили тамоми Аврупо аз ҷониби туркҳои усмонӣ падид омада, давлатҳои ин қитъа барои ҷилавгирӣ аз он тадбир меҷустанд. Ин пайкорҳои истилогарона ба аҳди салтанати Темур рост омад, ки Шарқи Миёна ва шимоли Ҳиндро зери итоаташ дароварда буд. Шоҳи Кастилияву Леон Генрихи III де Трастамар (1390–1407) баъди қабули ҳайати сафорати темурӣ дар Самарқанд сафоратхона кушода, Темурро зидди Боязид шӯронд. Темур, ки қаблан барои ҷанг баҳона меҷуст, аз Боязид хост Аҳмади Ҷалоир ва Қароюсуфи Туркманро, ки баъди шикаст назди Боязид паноҳ мебурданд, таслим кунад. Ин дархости ӯ қабул нашуд ва фазо барои ҷанг мусоид гардид.
Муносибат бо Темур
[вироиш | вироиши манбаъ]Амир Темур пас аз фатҳи моварои Қафқоз ва сарҳаддоти шарқии Осиёи Сағир ба Боязид нома фиристода, аз пирӯзиҳояш худситоӣ ва пешниҳоди таслим шудан кард. Боязиди I дар посухи номаи Темур пирӯзиашро бар сулолаи Музаффариёни тоҷиктабори Шероз кам зада, шеъри таҳқиромезе фиристод, ки онро Мавлоно Шомӣ дар «Зафарнома» чунин овардааст:
Фурӯзодагони Музаффар чианд?
Зи насли кадому нажоди кианд?
Ду-се суст тоҷики нокардакор,
Аз эшон чӣ ояд гаҳи корзор?
Ҷанги Анқара ва асорат
[вироиш | вироиши манбаъ]Темур муқобили Боязид лашкар кашида, дар муҳорибаи назди Анқара (1402) нерӯҳои ӯро шикаст дод. Боязид ва писаронаш ба асорат афтоданд. Темур Боязидро дар қафаси оҳанин андохта, ҳар ҷо ҳамроҳи худ мебурд. Боязид ба ин таҳқир тоқат накарда, дар наздикии Оқшаҳр заҳр хӯрда фавтид.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Боязиди I / Ҳ. Камол. // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2026, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
