Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Боязиди II

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Боязиди II
усм. بايزيد ثانى‎
Таърихи таваллуд 3 декабри 1447
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 26 майи 1512[1] (64 сол)
Маҳалли даргузашт
Самти фаъолият фармонраво, Султон
Падар Mehmet II[d]
Модар Гулбаҳор Хотун[d]
Фарзандон Selim I[d], Şehzade Ahmed[d], Şehzade Korkut[d], Ayşe Sultan[d], Aynışah Sultan[d], Şehzade Alemşah[d], Selçuk Sultan[d], Fatma Sultan[d], Hundi Sultan[d], Hümaşah Sultan[d], Kamerşah Sultan[d], Hatice Sultan[d], Şah Sultan[d], Ilaldi Sultan[d], Şehzade Şehinşah[d], Şehzade Mahmud (son of Bayezid II)[d], Şehzade Abdullah (son of Bayezid II)[d] ва Şehzade Mehmed[d]
Имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Боязиди II (1447–26.5.1512), султони империяи Усмониён (1481–151) — писари калони султон Муҳаммади II ва ҳамзамони шоҳ Исмоили I Сафавӣ.

Ҳаёт ва фаъолияти сиёсӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Боязид аз рӯйи эътиқоди афзун ва пуштибонии тариқати динӣ лақаби «Валӣ»-ро соҳиб шудааст.

Фаъолияти ҳарбӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Боязид ҳангоми рақобаташ барои тахту тоҷ бо бародараш Ҷам ба пуштибонии сипоҳиёни яккачини яничарҳо такя намуда, соли 1482 ҷонибдорони ӯро шикаст медиҳад. Бародараш ночор ба Аврупо фирор намуда, бо дастгирии ҳукуматдорони Венетсия ва дигар кишварҳои аврупоӣ сӯйи Истанбул борҳо таҳдид ва кӯшиши лашкаркашӣ мекунад. То лаҳзаи марги Ҷам (1495) байни бародарон барои тахту тоҷ рақобат идома дошт. Боязид барои боз гардондани заминҳои музофоти Далматсия ва ҳудудҳои Эгей бо Венесия ҷанги 4-сола бурда (1499–1503), нерӯҳои хушкигард ва баҳрии онҳоро шикаст медиҳад ва қисмати Юнони Ҷанубиро пурра забт мекунад. Дертар ӯ мавқеи империяи Усмониёнро дар қисмати ҷануби шарқии Аврупо (Босния, Герсоговина, Мол­дова) вусъат мебахшад. Ӯ бо Маҷористон ва Лаҳистон низ набардҳои пайгирона бурда, соли 1501 мавқеи империяи Усмониёнро дар соҳилҳои шарқии Баҳри Сиёҳ устувор менамояд. Ва мамолики Миср ва Сурияро таҳти васоят оварда, бо сулолаи Сафавиёни Эрон барои мустаҳкам намудани ҳу­дудҳои марзӣ муборизаҳои ошкору ниҳон мебурд.

Фаъолияти фарҳанги ва динӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мутоби­қи маълумоти «Таърихи Оламорои Аббосӣ», Боязид ба шоир ва мутафаккири маъруф Ҷомӣ таваҷҷуҳи хосса дошта, ба фар­ҳанги форсӣ ва мазҳаби ҳанафӣ арҷ мегузошт. Боязид айни ҳол таърихнигор Камол Пошозодаро ба таълифи таърихи империяи Усмониён водор кардааст. Дар Истанбул ва Андрианопол чандин масҷиди ҷомеъ бунёд кардааст, ки яке аз онҳо масҷиди ҷомеи Боязид мебошад.

Бар асари ноороми­ҳои поини умр, ки байни писаронаш сар зада буд, ӯ моҳи апрели 1512 тахту тоҷро ба писараш Салими I (1512–1520) вогузор намуда, баъди ду моҳ мефавтад.

  1. ↑ V.J. Parry Encyclopædia Britannica (ингл.)