Боғи кӯдакон (Душанбе)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Боғи кӯдакон — дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, дар қисмати марказии пойтахт воқеъ аст.

Тавсиф[вироиш | вироиши манбаъ]

Боғи кӯдакони шаҳри Душанбе назди варзишгоҳи «Спартак» воқеъ аст. Солҳои 60-70 садаи XX ин боғ номи "Боғи пионерон"-ро дошт. Дар "Боғи пионерон" гулгашту роҳравҳои зебо ва якчанд арғунчаку чарху фалакҳои кӯдакона барои истифода амал мекарданд. Минбаъд, дар қисми шимолии боғи кӯдакон, инчунин биноҳои «Хонаи кӯдакон ва наврасон» ва Театри давлатии лӯхтак сохта ба истифода супорида шудааст. Саҳни майдони боғ бо дарахту буттаҳои гуногун оро дода шудааст. Ороиши боғ аз як-ду гулгашт ва иншоотҳои хурди меъморӣ иборат аст. Боғ солҳои гузашта (даври шӯравӣ, с-ҳои 60-80) яке аз ҷойҳои истироҳати волидайну кӯдакон ва сокинони шаҳр буд. Имрӯз, ба боғ бинобар набудани иншоотҳои истироҳатию дилхушӣ, истироҳаткунандагон кам ба чашм мерасанд.

Манобеъ[вироиш | вироиши манбаъ]

Мамаджанова С., Мукимов Р. Архитектура и градостроительство Душанбе (история, теория и практика). — Д., 2008. — С. 174. (рус.)

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]