Боғи миллӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Боғи миллӣ (англ. National park) — қитъаи ҳифзшавандаи ягон маҳал, ки бо мақсади маҳфуз доштани ҷойҳои хушманзара (шаршара, дара ва ғайра), рустаниву набототи нодир, ёдгориҳои табиию таърихӣ ва ғ. бунёду нигоҳбонӣ карда мешавад. Дар боғи миллӣ сайругашту истироҳати одамон мамнӯъ нест. Ҳамчунин, барои пешбурди корҳои таҳқиқотии илмӣ, ки ба манфиати ҳамон мавзеъ мебошанд, иҷозат дода мешавад. Дар бисёр мамлакатҳо бо қарори махсуси мақомоти олии қонунбарори давлатӣ таъсис меёбад.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар раванди инкишофи ҷамъият инсоният ба олами набототу ҳайвонот хисороти зиёде ворид овардааст. Қисме аз офаридаҳои табиат рӯ ба нестӣ овардаанд, муҳити экологии баъзе мавзеъҳо ифлос гардидааст. Бинобар ин, барои наҷоти аждари Комодо боғи миллии Комодо, ҳифозати манбаъҳои оби гарм Боғи миллии Йелловстон, нигаҳдошти пиряхҳои Перито-Морено дар Аргентина боғи миллии Лос-Гласярес офарида шудаанд. Боғи миллии якумин соли 1872 дар Йелловстони ИМА бунёд ёфтааст. Нахустин боғи миллӣ дар Аврупо соли 1914 дар кантони Гравбюндени Швейтсария ташкил ёфтааст.

Баробари пешрафти илму техника дар ҷаҳон, шумораи боғи миллӣ рӯ ба афзоиш ниҳод. Ҳоло дар дунё тақр. 70000 боғи миллӣ мавҷуд аст, ки 10 дарсади масоҳ. хушкии рӯйи заминро ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, дар Бразилия 60, Миср 27, Озарбойҷон 8, Русия 35 боғи миллӣ фаъолият доранд.

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]