Боғи фароғат ва истироҳати ба номи Садриддин Айнӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Боғи фароғат ва истироҳати ба номи С. Айнӣ – муассисаи фароғативу фарҳагии ҳукумати ш. Душанбе. Дар қисмати шимолии ноҳияи Исмоили Сомонии ш. Душанбе воқеъ аст.

Тавсиф[вироиш]

Боғ дар қисмати шимолии ноҳияи Исмоили Сомонии ш. Душанбе охири солҳои 50-ум ва аввали 60-уми асри гузашта бунёд шудааст. Масоҳ. 12 га. Кӯчабоғи асосии Б. аз даромадгоҳи дуюм ба самти шимол тӯл кашида, ба ду гулгашт тақсим мешавад. Сохтори боғ шакли дароз дошта дар паҳлӯи хиёбони А. Рӯдакӣ ҷойгир шудааст. Гулгашти асосии он то мадони доирашакл тӯл кашида ба дарвозаи дуюми боғ пайваст шудааст. Дар боғ мувофиқи лоиҳа гулгаштҳои зебо, террасаҳо, айвонҳо ва дигар иншоотҳои архитекториву декоративи бунёд шудаанд. Вай дорои дарахту буттаҳо ва току гулҳои гуногун мебошад. Аз дарвозаи асосӣ гулгашту оромгоҳи шахсони барҷастаи ҷумҳурӣ сар мешавад. Дар маркази боғ (лар гулгашти асосӣ) мақбараи Садриддин Айнӣ (муаллифи нимпайкара А. А. Мануилов) воқеъ аст, ки соли 1958 -1960 бунёд шудааст.

Дар гулгаштҳо роҳравҳо барои сайру гашт, гӯшаҳои осоишу тафреҳ бо атраксионҳои мухталиф, аз ҷумла 7 чархофалак, арғунчакҳо ҷойгиранд. Аз самти ғарбии Боғ канале ҷорист, ки ба кӯли шабакаи оби ошомидании шаҳр мерезад. Боғ аз тарафи хиёбони Рӯдакӣ бо панҷараи филиззии хушнақшунигор ва сутунҳои мудаввар иҳота шудааст. Дар ҳудуди Боғ бо обурангу назокати хос 15 намуд дарахтони сояафкану мевадор (2150 бех), аз ҷумла ақоқиё, булут, маҷнунбед, сада, лоладарахт, сафедор, чинор, гулбуттаҳои гуногун шинонда шудаанд, ҳамчунин зиёда аз 10 намуд гулҳои мавсимӣ парвариш меёбанд. Дар Боғ барои тафреҳу истироҳати мардум суфачаҳо, шипангчаҳо мавҷуданд, чойхонаю ошхона ва дуконҳои нӯшоба- фурӯшӣ дар хизмати мардум қарор доранд. Дар маркази Боғ мавзее барои баргузории сӯҳбату вохӯриҳо ва чорабиниҳои фарҳангию ҳунарӣ дар рӯзҳои иду ҷашнвораҳо ҷойгир аст. Дар самти шимолии Боғ, рӯ ба рӯи даромадгоҳи асосӣ оромгоҳи 5 тан аз чеҳраҳои шинохтаи илму адаб ва сиёсати кишвар –

Таърих[вироиш]

Лоиҳаи Боғи фароғат ва истироҳат ба номи С. Айнӣ аз ҷониби ГПИ «Таджикгипрострой» соли 1958 таҳия шудааст. Муаллифи лоиҳа - архитектор Ю.Г. Снеговский аст.

Нигористон[вироиш]

Мақбараи С. Айнӣ дар боғ (1968) РИА Новости

Манобеъ[вироиш]

Мамаджанова С., Мукимов Р. Архитектура и градостроительство Душанбе (история, теория и практика). — Д., 2008. — С. 277—278. (рус.)