Боғ (деҳа, н. Ҳисор)
Jump to navigation
Jump to search
Деҳа | |
Боғ | |
Кишвар | |
---|---|
Вилоят | |
Ноҳия | |
Ҷамоат | |
Забони расмӣ | |
Аҳолӣ |
403 нафар (2017) |
Ҳайати миллӣ | |
Ҳайати динӣ | |
Коди телефон |
+992 3139 |
Нишонаи почта |
735020 |
Коди мошин |
TJ07 |
Боғ — деҳа дар ҷамоати деҳоти Ҳисори ноҳияи Ҳисор. Аз Боғ то маркази ҷамоат 12 км, то маркази ноҳия 18 км. Аҳолиаш 403 нафар (2017)[1], тоҷикон.
Таърих[вироиш]
Соли 1945 баъди ҶБВ дар ин мавзеъ аввал фермаи чорвопарварӣ ташкил шуд. Боғ дар аввал чаҳор хонаро ташкил медод. Фермаро ба ҷойи дигар кӯчонданд. Аз деҳаи Лаклакхона боз 8 оила ба ин макон омад. Деҳа ба боғу токзор табдил гардид ва номашро низ мувофиқи намудаш соҳиб шуд. Соли 1969 канали калон канда ба Боғ об ва соли 1972 хати барқ оварданд ва соли 1989 роҳро мумфарш карданд[2].
Эзоҳ[вироиш]
- ↑ Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
- ↑ Донишномаи Ҳисор. — Д.: «Ирфон», 2015, — С. 175