Боқии Рудӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Боқии Рудӣ
Навъи фаъолият: нависанда

Боқии Рудӣ (с. тав. номаълум, Бухоро, с. ваф. 1560, Ҳирот), навозанда, мусиқидон, ширингуфтор, шоири тоҷик, зодаи Бухоро.

Дар хонадони фарҳангӣ ба камол расида, асосҳои ибтидоии шеъру мусиқиро аз падараш омӯхта, барои такмили донишу ҳунар сафари Самарқанду Марв, Ҳирот намуд. Аз овони ҷавонӣ ба фарогирии навохтани созҳои мусиқӣ, хосатан руд, қонун, барбат (уд), танбӯр ва зарбгирӣ (дафу доира) машғул шуда, дере нагузашта ба яке аз иҷрогарони сози руд машҳур шуд. Дар жанрҳои шеърию мусиқии «савт», «пешрав», «кор», «қавл», «рехта», «куллиёт», «Кор ба усул» ва ғ. барои созу овоз таснифоти рангин офарид. Асарҳои «Савти Чаманоро» (ба усули «Фохта зарб», ба мақоми «Наво», ғаз. Кавкабии Бухороӣ), «Амали Хиром» (дар усули «Уфар» ва «Барафшон» ба мақоми «Кучак», ғаз. Ҷомӣ), «Нақши сарви сиҳӣ» (дар усули «Шодиёна», ба мақоми «Исфаҳон», ғаз. Саъдӣ), «Пешрави Панҷгоҳ» (дар усули «Туркзарб», ба мақоми «Ушшоқ», ғаз. Биноӣ), «Савти Чоргоҳ», «Таронаи Панҷгоҳ» (дар усулҳои «Фаръ», «Самоъӣ», ғаз. Котибӣ, Биноӣ) дар ҳаёти мадании Ҳирот, Бухоро ва Самарқанд шӯҳрати зиёд доштаанд. Ӯ бо Ғулом Шодӣ (писари Устод Шодии Ҳиравӣ) ҳамкории хуби эҷодӣ дошта, «Савти Ҳиротӣ», «Куллиёти Рудӣ» ва ғ. самараи ин ҳамкориҳост. Ӯ табъи хуби шоирӣ дошта, бо тахал. Рудӣ ғазалу рубоиро некӯ мегуфтааст.

Адабиёт[вироиш]

  • Дарвешалии Чангӣ, Рисолаи мусиқӣ;
  • Бобур, Бобурнома, Тош., 1993;
  • Раҷабов А. Афкори мусиқии тоҷик дар ас.12-15, Душ., 1989;
  • Энсиклопедияи адабиёти ва санъати тоҷик, ҷ.1, Душ., 1988; Машҳун ҳ. Таърихи мусиқии Эрон, Теҳрон, 1376.[1]

Ҳамчунин нигаред[вироиш]

Сарчашма[вироиш]

  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 45 ISBN 978-99947-49-13-3