Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Браге Тихо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Браге Тихо
дан. Tyge Ottesen Brahe
Таърихи таваллуд 14 декабри 1546[1][2][3]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 24 октябри 1601(1601-10-24)[1][2][6][…] (54 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
  • Подшоҳии Дания[d]
Фазои илмӣ ахтаршиносӣ
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Valentin Thau[d][8] ва Caspar Peucer[d][8]
Шогирдон Simon Marius[d], David Gans[d] ва Paul Wittich[d][2]
Ҷоизаҳо
Knight of the Order of the Elephant
Имзо Имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Тихо Браге (лот. Tycho BraheTycho Brahe; 14 декабри 1546[1][2][3], Knutstorp[d], Scania[d], Denmark–Norway[d][4][5]24 октябри 1601[1][2][6][…], Прага, Bohemia[d], Имперотурии Муқаддаси Рум[3][5]) — мунаҷҷим ва кимиёдони даниягӣ.

Браге бори нахуст дар Аврупо мушо­ҳи­да­ҳои нуҷумии мунтазам ва фав­қуддақиқро анҷом дод ва дар асоси он шогирдаш И. Кеплер қонунҳои машҳури худ­­ро кашф намуд. Браге чанд афзо­ри нуҷу­ми­ро такмил дод, ки барои мушо­ҳи­даҳои дақиқи ҷирмҳои осмо­нӣ мусоидат на­му­данд. Ӯ ҷад­вал­ҳои о­ф­­то­би­ро таҳия намуд ва давомоти сол­ро бо хатоии то 1 с чен кард. Соли 1572 Браге дар бурҷи Зо­тул­курсӣ ситораи нав­ро му­шо­ҳи­да намуд. Соли 1592 аввал рӯй­­хати 777 ситора, сипас (1598) 1004 ситораро тар­тиб дод. Браге соли 1576 ра­­сад­­хо­наи Ураниборгро (наз­ди­ки Копенгаген) сохт ва дар он ҷо 21 сол ситораву сайёра ва зуза­наб­ҳоро мушоҳида намуда, вазъи ҷирмҳоро бо са­ҳе­ҳӣ му­ай­ян кард. Дар ҳара­кати Моҳ ду нобаробарии навро ошкор сохт. Браге инчунин тағйирёбии даврии тамоюли мадори Моҳро нисбат ба мадори Офтоб (эклиптика) муайян карда, ҷадвал­ҳои инкисор (ре­фраксия)-ро тартиб дод. Вай исбот намуд, ки зу­за­набҳо ҷирмҳои осмо­нӣ буда, аз Замин назар ба Моҳ дуртар меистанд. Браге системаи офтобмарказии Ко­перник­ро ин­кор карда, сис­те­маи замин–офтобмарказии оламро пеш­­­ниҳод намуд, ки аз мувофиқати таълимоти Батлимус ва Коперник иборат буд: Офтоб, Моҳ ва ситораҳо дар гирди Замини беҳа­ракат давр зада, ҳа­маи сайёраҳо ва зу­за­­набҳо дар гирди Офтоб чарх мезананд. Браге гардиши ша­бо­на­рӯзии Заминро низ инкор мекард. Ба ифтихори Браге дар Моҳ ва Миррих танӯра (Тихо) ва дар Копенгаген ахтарнамо (планетарий) номгузорӣ шу­­даанд.