Браманте (Bramante) Донато
| Браманте (Bramante) Донато | |
|---|---|
| итол. Donato Bramante | |
| | |
| Иттилооти асосӣ | |
| Таърихи таваллуд | 1444[1][2][3][…] |
| Зодгоҳ | |
| Таърихи даргузашт | 11 апрели 1514[1][4] |
| Маҳалли даргузашт | |
Донато Браманте (Bramante), (итол. Donato (Donnino) di Pascuccio di Antonio detto il BramanteDonato (Donnino) di Pascuccio di Antonio detto il Bramante; июли 1444, Ферминяно — 11 апрели 1514, Рим) — меъмори итолиёӣ, ки баъд аз Брунеллески ва Л. Б. Алберти дар меъмории аҳди Эҳё саҳм гузоштааст.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аввал рассом буд, силсилаи нави дурнамои мустақимро бодиққат омӯхт. Баъдан дар корҳояш – (бозсозии калисоҳои Санта-Мария прессо Сан-Сатиро (тақрибан 1480) ва Санта-Мария делле Гратсие (1492) дар Милан; калисои хурд (Темпетто, 1502) дар ҳавлии дайри Сан-Петро Монторио; маҷмӯи ҳавлиҳои дохилии Ватикан (Белведер, 1505); лоиҳаи калисои ҷомеи нави Пётри Муқаддас (қисман Микеланҷело амалӣ намудааст); ба ном хонаи Рафаэл (тақрибан 1510, то имрӯз нарасидааст) (ҳамааш дар Рим) модели эҳёии макони мутаносиби пуршукӯҳ комилан шакл гирифтааст.
== Эзоҳ ==
- 1 2 Bruschi A. Dizionario Biografico degli Italiani (итол.) — 1971. — Vol. 13.
- ↑ Donato Bramante (ингл.)
- ↑ Donato Bramante
- ↑ BeWeB
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Брамънте (Bramante) Донато // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.