Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Брандт (Brandt) Вилли

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Брандт (Brandt) Вилли

Брандт (Brandt) Вилли (ному насаби аслиаш: Ҳер­берт Эрнст Карл Фрам; 18.12.1913, Любек – 8.10.1992, Берлин) — ходими давлатӣ ва ҳизбии олмонӣ. Баъди хатми гимназия (1932) дар Любек рӯзноманигор буд. Аз соли 1929 узви созмони ҷавонони сотсиалист, баъд аз як сол уз­ви Ҳиз­би сотсиал-демократии Олмон (ҲСДО) ва аз соли 1931 узви Ҳизби сотсиалистии кор­гарӣ (ҲСК) буд. Соли 1933, баъ­ди ба сари ҳокимият омадани Ҳит­лер фаъолияти ҲСК боздошта шуд. Баъдан ба Брандт ташкил кардани шуъбаи созмони пинҳонкори ҲСК дар Осло супурда шуд. Ӯ то соли 1945 рӯзноманигорӣ мекард. Соли 1945 ба Олмони Ғарбӣ баргашт. Аз соли 1934 ба худ тахаллуси Вилли Брандт ги­риф­та бошад ҳам, вале раёса­ти полиси Берлин ин тахал­луси ӯро ҳамчун номи расмӣ танҳо соли 1949 эъти­роф кард. Брандт фаъолияти сиёсии худро соли 1949 ба ҳайси вакили берлинии ҲСДО дар нахустин бундестаги олмонӣ оғоз намуд. Солҳои 50-ум ва 60-ум дар созмони берли­ни ғарбии ҲСДО мансабҳои гуногун дошт (со­ли 1950 – узви раёсат, солҳои 1954–1958 – ҷонишини раиси идора, 1958–1963 – раиси идораи ҲСДО-и Берлини Ғарбӣ). Солҳои 1949–1957, 1961, 1969–1992, дар маҷмӯъ 31 сол вакили бундестаг буд. Брандт бургомистри ҳокими Бер­лин (1957–1966), вазири корҳои хориҷӣ ва ноиби канслер дар ҳукумати эътилофии ҲСДО+Нерӯҳои Масеҳӣ-Демо­кратӣ (1966–1969), канслери федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон (1969–1974), раиси Интернатсионали сот­сиалистӣ (1976–1992), узви Парлумони Аврупо (аз соли 1979), раиси Комиссияи мухтори «Шимол–Ҷануб» буд, бунёди «Ҷаҳон ва пешрафт»-ро сарварӣ мекард. Соли 1987 баъди истеъфо аз мансаби раиси ҲСДО раиси ифтихории ҳизб интихоб гардид. Сиёсати вай ба коҳиш додани тундии муносибати байни кишварҳои Аврупои Шар­қӣ ва Ғарбӣ нигаронида шуда, бо номи Ostpolitik («Сиёсати шар­қӣ») маъруф буд. Барои беҳсозии муносибатҳои байнал­милалӣ ба мукофоти Нобел мушарраф гаштааст (10 декабри 1971).