Браузери мобилӣ
Браузери мобилӣ (mobile browser, ҳамчунин microbrowser ё minibrowser) — браузерест, ки барои истифода дар дастгоҳҳои мобилӣ, чун телефони мобилӣ (ҳамроҳ) ё компютери фардии ҷайбӣ пешбинӣ шудааст.
Браузери мобилӣ тавре мувофиқ карда шудааст, ки саҳифаро дар экранҳои дастгоҳҳои хурдҳаҷм нишон медиҳад. Он бояд хотираи хурдро дар бар гирад ва ба суръати пасти Интернети дастгоҳи мобилӣ мувофиқ бошад. Одатан имконоти чунин браузерҳо маҳдуд аст, вале аз соли 2006 баъзеи онҳо метавонанд технологияҳои CSS 2.1 ва JavaScript Ajax-ро истифода кунанд. Аксари браузерҳои мобилӣ муҳаррики WebKit-ро истифода мебаранд.
Тавсеадиҳандагони Mozilla Corporation ният доранд ба наздикӣ барномаҳои Gecko ва браузери Mozilla Firefox-ро, ки ба дастгоҳи мобилӣ мутобиқ карда шудаанд, истеҳсол кунанд.
Браузерҳои сабтшуда (пешфарз)
[вироиш | вироиши манбаъ]Браузерҳое, ки дар барномаҳои дастгоҳи мобилӣ аз аввал сабт шудаанд:
- Барои Windows Mobile ва Windows CE — Internet Explorer Mobile (тахассусӣ);
- Барои Nokia — Nokia Series 40 Browser (тахассусӣ) ва Web Browser for S60 (дар асоси WebKit);
- Барои Apple iPod Touch ва iPhone — Safari (дар асоси WebKit).
Браузерҳои насбшаванда
[вироиш | вироиши манбаъ]Браузерҳое, ки ба таври иловагӣ насб карда мешаванд:
- Дар асоси Gecko: Minimo, Skyfire;
- Барои телефонҳои дорои JavaME: Teashark, UC Browser (US Browser), Bolt Browser;
- Дар асоси Presto: Opera Mobile (барои смартфонҳо ва компютерҳои фардии ҷайбӣ) ва Opera Mini JavaME (барои телефонҳои дорои JavaME).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Браузери мобилӣ / Маҳмуд Холов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2026, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.