Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Браун, Эдуард Гранвилл

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Браун, Эдуард Гранвилл
англ. Edward Granville Browne
Таърихи таваллуд 7 феврал 1862(1862-02-07)[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 5 январ 1926(1926-01-05)[1][2] (63 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша шарқшинос, пизишк, устоди донишгоҳ, тарҷумон, муаррих
Падар Benjamin Browne[d][2]
Ҳамсар Alice Caroline Blackburne Daniell[d]
Фарзанд Patrick Browne[d][2] ва Michael Browne[d][2]
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Эдуард Гранвил Браун (англ. Edward Granville Browne) (1862, Глостершир, Британияи Кабир1926, Кембриҷ, Британиё ) — шарқшинос ва эроншиноси биритониёӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]
Эдуард Гранвил Браун

Эдуард Гранвил Браун 7 феврали 1862 дар Глостершер дар ҷануби Инглистон ва дар хонаводаи сарватманд ба дунё омад. Падараш Сер Бенжамин Браун, корхонаи киштисозӣ дошт ва модараш аҳли Норсембри буд. Браун таҳсилоти донишгоҳии худро дар Коллеҷи Айтан оғоз кард. Падараш мехост, то писараш риштаи муҳандисиро идома диҳад. Вале Эдвард бештар ба пизишкӣ алоқа дошт ва саранҷом дар соли 1879 дар Донишгоҳи Кембириҷ ба таҳсил дар ин ришта пардохт.

Браун соли 1877, ҳангоме ки танҳо понздаҳ сол дошт, ахбори ҷанг миёни императории Усмонӣ ва императории Русияро мешунид ва ҳамин амр боиси кунҷковию алоқаи ӯ ба Ховари Миёна шуд. Ӯ дар ин ҷанг бино ба вежагиҳои шахсиятиаш, ҷониби тараферо мегирифт, ки дар Биритониё камтар маҳбуб буд, яъне туркҳо. Дар ин мақтаъ буд, ки мутолеъоти ховаршиносии худро оғоз кард. Ибтидо забони туркиро фаро гирифт ва сипас форсию арабӣ. Эдвард алоқае ба мабоҳиси забоншиносӣ надошт ва шеваи забономӯзияш комилан амалӣ буд. Яъне ҳар матнеро, ки метавонист пайдо кунад, мехонд, бо мутахассисон машварат мекард ва аз муошират бо сухангӯёни модарии он забон ниҳоят баҳраро мебарад. Ин шеваи забономӯзии ӯ, бино ба қазовати ҳамасрон ва осори мунташиршудаи ӯ, ба тарзи шигифтангезе муваффақиятомез буд[4].

Таърихи адабиёти Эрон ба англисӣ навишта шуда ва дар 4 ҷилд ва бо талоши касоне чун Рашид Ёсамӣ ба форсӣ тарҷума шудааст:  

  • Таърихи адабии Эрон
  • Ҷилди нахуст: Аз қадимтарин рӯзгор то замони Фирдавсӣ
  • Ҷилд дувум, нимаи нахуст: Аз Фирдавсӣ то Саъдӣ
  • Ҷилди дувум, нимаи дувум: Аз Фирдавсӣ то Саъдӣ
  • Ҷилди севум: Аз Саъдӣ то Ҷомӣ
  • Ҷилди чаҳорум: Аз Сафавия то машрутият
  • Неҳзати машрутаи Эрон
  • Шарҳи мухтасаре аз вақоеи Эрон
  • Буҳрони декабри 1911-и Эрон
  • Инқилоби 1905–1909-и Эрон
  • Матбуот ва шеъри ҷадид дар Эрон
  • Ҳукумати ваҳшат дар Табрез
  • Номаҳое аз Табрез
  • Тасҳеҳи "Тазкират-уш-шуаро"-и Давлатшоҳи Самарқандӣ, дар 1910
  • Тасҳеҳ "Лубоб-ул-албоб"-и Муҳаммад Авфӣ (бо ҳамкории Муҳаммади Қазвинӣ), ду ҷилд, дар соли 1903 ва 1906
  • Тарҷумаи "Хулосаи таърихи Табаристон"-и Ибни Исфандёр (1905)
  • Тарҷумаи "Таърихи гузида"-и Ҳамдуллоҳ Муставфӣ, ду ҷилд (1910-1913)
  • Тарҷумаи "Чаҳор мақола"-и Низомии Арӯзӣ (1921)
  • Таърихи тибби исломӣ
  • Як сол дар миёни эрониён (сафарнома)
  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 Lundy D. R. The Peerage (ингл.)
  3. LIBRISNational Library of Sweden, 2012.
  4. Browne, Edward Granville (1862–1926). Oxford Dictionary of National Biography. Oxford University Press. 2017-11-28.