Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Браун Вернер Магнус Максимилиан Фрайхерр фон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Браун Вернер Магнус Максимилиан Фрайхерр фон
олмонӣ: Wernher von Braun
Таърихи таваллуд 23 марти 1912(1912-03-23)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 16 июни 1977(1977-06-16)[1][2][3][…] (65 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ муҳандисии кайҳонӣ[d]
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: Doctor of Philosophy in Physics[d] (1934)
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Erich Schumann[d]
Ҷоизаҳо
Имзо Имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Вернер Магнус Максимилиан фрайхерр фон Браун (олмонӣ: Wernher Magnus Maximilian Freiherr von BraunWernher Magnus Maximilian Freiherr von Braun; 23 март 1912, Вирзис, провинсия Позен, Пруссия, Германская империя — 16 июня 1977, Александрия, Виргиния, США) — яке аз асосгузорони мушаксозии муосир, бунёдгари нахустин мушакҳои баллистикӣ, д. и. техникӣ. Охири солҳои 40 асри 20 конструктори техникаи мушакию кайҳонии Амрико, ки чун сарвари барномаи кайҳо­нии ИМА машҳур аст.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1930 ба Универистети техникии Берлин дохил шуда, дар озмоиш­ҳои муҳар­рики му­­­шаке, ки бо сӯзишвории моеъ кор мекард, иштирок намуд. Браун инчунин дар мактаби олии техникии Сю­ри­хи Швейсария таҳсил кардааст. Соли 1930 дар Олмон оид ба бунёди мушакҳои бо сӯзиш­во­рии моеъ коркунанда таҳқиқот анҷом додааст. Соли 1934 бо роҳбарии Браун парвози 2 мушак ба ҳаво то баландии 2,2 ва 3,5 км сурат гирифт. Таҳти роҳбарии Браун силсилаи мушакҳои Aggregat (А–И) сохта мешаванд, ки чун ФАУ-2 машҳуранд. Дар Олмон маркази мушаксозӣ бунёд гардида, Браун директори техникии он (дар Пенемюнд) таъйин шуд. Соли 1937 Браун узви Ҳизби миллӣ-сотсиалистии Ол­мон шуда, соли 1943 ба унвони штурмбаннфюрери СС мушарраф гардид. Нахустин мушакҳои таҳти роҳбарии Браун сохташуда муқобили Британияи Кабир истифода шуданд (1944).

Баъди Ҷанги дуюми ҷа­ҳонӣ Браун ба амрикоиҳо таслим шуда, ба онҳо тамоми ҳуҷҷат­ҳои таҳқиқотиро супурд. Браун аз сентябри 1945 ба Хадамоти лоиҳа­ка­шӣ ва коркарди аслиҳаи артиш дар Форт–Блиссеро сарва­рӣ мекард. Аз соли 1955 шаҳр­ванди Амрико гардид ва аз со­ли 1956 роҳбари барномаи коркарди мушакҳои баллистикии байниқитъавии «Юпитер-С» ва радифии силсилаи «Эксплорер», аз соли 1960 узви Идоракунии миллии ИМА оид ба аэронавтикаву таҳқиқоти фазои кайҳонӣ (NASA) ва ди­ректори Маркази парвозҳои кайҳонии он буд. Таҳти сар­варии Браун мушаки барандаи «Сатурн-5» киштии кай­ҳонии «Аполлон-11»-ро ба мадори назди Моҳ баровард. 20 июли 1969 Нил Армстронг–командири «Аполлон-11» шахси аввалине буд, ки ба Моҳ қадам гузошт. Барои ин парвоз Браун бо медали NASA «Барои хидмати шоён» мукофотонида шуд (1969). Баъдтар ӯ боз 5 парвози кайҳониро ба Моҳ сарварӣ кард. Аз соли 1970 муовини директори NASA оид ба парвозҳои кайҳонии босарнишин (пилотдор) буд. Аз соли 1972 дар саноат чун муовини президенти ширкати «Фэрчайлд спейс индастриз» дар Ҷерман­тауни иёлати Мэриленнд кор кардааст. Нати­ҷаи таҳқи­қоти Браун барои дигар конструкторони техникаи мушакҳо асоси боэътимоди кашфи кайҳон гардиданд.

  • Браун Вернер Магнус Максимилиан Фрайхерр фон // Замин — Илля. Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). ISBN 978-99947-33-89-9.