Браун Карл Фердинанд
Браун Карл Фердинанд | |
|---|---|
| олмонӣ: Karl Ferdinand Braun | |
| | |
| Таърихи таваллуд | 6 июни 1850[1][2][3][…] |
| Зодгоҳ | |
| Таърихи даргузашт | 20 апрели 1918[4][1][2][…] (67 сол) |
| Маҳалли даргузашт | |
| Кишвар | |
| Фазои илмӣ | физик |
| Ҷойҳои кор | |
| Алма-матер | |
| Роҳбари илмӣ | August Kundt[d] ва Georg Hermann Quincke[d][5] |
| Шогирдон | Leonid Mandelstam[d] ва Jonathan Zenneck[d] |
| Ҷоизаҳо | |
Карл Фердинанд Браун (олмонӣ: Karl Ferdinand BraunKarl Ferdinand Braun; 6 июни 1850, Фулда — 20 апрели 1918, Ню-Йорк) — физикдони олмонӣ, проф. (1877).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар тарҳрезии истифодаи техникии мавҷҳои электромагнитӣ ширкати фаъол доштааст. Ихтироъкори кинескоп (найчаи катодию шуоъӣ). Дар давлатҳои олмонизабон то ҳол кинескопро найчаи Браун меноманд. Хатмкардаи гимназияи ш. Фулд. Соли 1868 ба Универистети Марбург дохил шуда, физика, кимиё ва математикаро омӯхтааст. Аз соли 1869 дар ш. Берлин дар озмоишгоҳи шахсии Г. Г. Магнус, пас аз марги ӯ аз соли 1870 дар озмоишгоҳи Г. Квинке назарияи лаппиши торро таҳқиқ кард ва дар ин мавзӯъ рисолаи докторӣ дифоъ намуд (1872). Аз соли 1873 омӯзгори яке аз гимназияҳои Лейпсиг. Соли 1884 падидаи росткунакро дар кристаллҳо кашф кард, ки бар хилофи қонуни Ом буд. Ин кашфиёти якумини Браун буд, лекин ӯ бо дастовардҳои илмии он замон ин падидаро маънидод карда натавонист. Онро олимон танҳо дар асри 20 бо инкишофи механикаи квантӣ шарҳ доданд. Соли 1887 дар Тюбинеген дар ташкил ва сохтмони институти физика фаъолона иштирок намуда, соли 1895 директори ҳамин институти таъйин мешавад. Баъдтар найчаҳои катодии кашфкардаи Браун такмил ёфта, на фақат дар оссиллографҳо, балки чун ҷузъи асосии телевизорҳо истифода мешуданд (1930). Дар соҳаи радиотехника Браун когерерро ба детектори кристаллӣ иваз намуда, ҳассосияти радиоро баланд кард. Браун инчунин дар инкишофи ирсолкунанда (передатчик)-ҳои радиотехникӣ, мавҷгир (антенна)-ҳои самтнок ҳисса гузоштааст.
Ҷоиза
[вироиш | вироиши манбаъ]Дорандаи мукофоти Нобел дар соҳаи физика (соли 1909 якҷо бо Г. Маркони).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1 2 Ferdinand Braun (ингл.)
- 1 2 https://professorenkatalog.online.uni-marburg.de/de/pkat/idrec?id=9631 — 2016.
- ↑ Bischoff G., Foessel G., Baechler C. Nouveau dictionnaire de biographie alsacienne (фр.) / Fédération des sociétés d'histoire et d'archéologie d'Alsace — 1982. — 4434 с.
- 1 2 3 Браун Карл Фердинанд // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ Математическая генеалогия (ингл.) — 1997.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Браун Карл Фердинанд // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.