Брахистохрона
Намуди зоҳирӣ
Брахистохрона (аз юн. Brachistos – кӯтоҳтарин ва chronos – вақт)
Хатти каҷи фурудоии кӯтоҳтарин, яъне хатти каҷест (расм) аз маҷмуи хатҳои каҷе, ки нуқтаҳои А ва В-и майдони қуввагии потенсиалиро мепайвандад ва нуқтаи материалӣ таҳти таъсири қувваи майдон аз рӯйи ин хатти каҷ ҳаракат карда, дар муддати кӯтоҳтарин аз нуқтаи А ба нуқтаи В меояд. Масъала оид ба Брахистохронаро И. Бернулли дар соли 1696 гузошта буд. Онро И. Нютон дар соли 1697 ҳал кард, ки барои инкишофи ҳисоби вариатсионӣ нақши муҳим бозид.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Брахистохрона // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2026, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.