Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Браҳма-Сутра

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Браҳма-Сутра, Веданта-сутра — яке аз асарҳои бунёдии фалсафаи ведоӣ, ки тамоми мазмуну моҳияти ирфонии Ведаҳо ва Упонишадҳоро нигоҳ доштааст.

Муқаддима ва таърихи таълифи «Браҳма-Сутра»

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мутафаккири Ҳинд Вяса, мулаққаб ба Бадараяна, Ведаҳоро ба қисмҳо ҷудо намуда, тафсири мухтасаре таълиф кард, ки бо номи Браҳма-Сутраи Бадараяна машҳур шуд. Дар анъанаи фар­ҳангии Ҳинд Вяса мутафаккирест дорои нерӯи олии йогӣ ва дониши асил. Дар тазкираҳо Вяса ҳамчун таҷас­суми (аватара) Ишвара эътироф шудааст. Дар «Радха-тантра» (паталаи 8) Ишвара хитоб ба Деви мегӯяд: «Эй Парамешвара! Вяса ҳамеша таҷассуми ман дар колбади ҷисмист».

Сохтор ва мундариҷаи асосии асар

[вироиш | вироиши манбаъ]

Браҳма-Сутра аз чор қисм иборат буда, масъалаҳои асосии фалса­фӣ-ирфониро дар бар мегирад ва дар заминаи фаҳмиши қисмҳои ҷудогонаи адабиёти ведоӣ қарор гирифтааст. Дар китоби «Бҳагавад-гита» омадааст, ки дар пандҳои Браҳма-Сутра маълумоти асиле дар бораи мудрику мудраки маърифат ҷамъ омадааст. Он бо як низоми пайдарҳами мантиқӣ тар­киб ёфта, аз шарҳи объекти асосии маърифат оғоз мегардад ва бо шарҳи татбиқи дониши ведоӣ дар таҷрибаи шахсӣ анҷом меёбад.

Тафсирҳо ва мафҳуми Браҳман

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пандҳои Браҳма-Сутра ҳаҷман мухтасару пурмуҳтаво буда, таф­сир­ҳои зиёдеро ба миён овардаанд. Аксарияти мактабҳои фалсафии Веданта ба Браҳма-Сутра тафсир навиштаанд, ки беҳ­та­ри­ни онҳо тафсири Шанкара бо номи «Браҳма-сутра Шанкара бхагиям» аст. Объекти асосии маърифат дар Браҳма-Сутра Браҳ­ман мебошад. Дар тазкираи «Йогин – тантра» (паталаи 5) омадааст, ки Веданта шакли дониш дар бораи Браҳман (Браҳма-ҷнана) буда, мазмунан дорои нерӯи тобандаи ило­ҳист. Алоқамандии Ведаҳо ва Ведантаро чунин андешае (шрути) далел аст: «Ҳамчун равғане, ки дар донаҳои кун­ҷит ниҳон аст, Ведаҳо дар Веданта ниҳон бувад» (Мундака упонишад). Веданта ифодакунандаи бевоситаи хиради Худованд, наҷотбахш аз нодонӣ ва занҷири тақдир (карма) аст.

Равандҳои маърифатӣ ва зинаҳои омӯзиш

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мутафаккир Бҳаскарарая дар тафсири «Нитяшодашикарнава – тантра» аз матнҳои Шрути ва Смрити иқтибос овардааст, ки «ду навъи донистани Браҳман вуҷуд дорад: яке ба воситаи калимаҳо (шабда), дигаре – бевосита (апарокша – анубхава). Яке аз дигаре пеш аст. Матнҳои му­қад­дас колбадеанд, ки дар онҳо чизи донисташаванда ба чизи тафаккур табдил меёбад ва дар натиҷа дар шуур нигоҳ дошта мешавад. Ба воситаи чунин амал тамоми шаклҳои фаъолияти шуур, ки садди роҳи фаҳмиши дуруст қарор доранд, аз байн хоҳанд рафт.

Шанкара дар Браҳма-Сутра мефармояд, ки танҳо сухани китобҳои муқаддас, дар муқоиса бо узвҳои ҳис, беҳтарин манбаи (прамана) фаҳми Браҳман ҳисоб мешавад. Равандҳои маъ­­рифатӣ ҳафт дараҷа буда, дараҷаи аввал ҳатман омӯ­зиш ва хониши матнҳо дар раванди дарёфти қобилияти фаҳ­миш (адхикари) мебошад. «Акаша-упонишад» дара­ҷаи ав­валро ҳамчун қадами нахустини фикрӣ дар дарки моҳи­я­ти матнҳо маънидод менамояд. Дигар упонишадҳо зинаи аввалро андешаи мусбат (шубҳа – иччҳа), ҳолати кӯшиш дар роҳи наҷот (мумукшутва) мешуморанд, ки ҳадафаш риёзати мунтазам баҳри поксозии табиати худ тавассути сухани устод аст. Дар дараҷаи дуввум (вигарана) садхак (му­рид) бояд ҳолати мутамарказии диққатро дар раванди шунидани суханони гуру (муршид) дарёбад. Дар дараҷаи сеюм, дар маркази диққати садхак танҳо як мудрак (объект) ҷой дошта, мудракоти дигар бояд аз хотир фаромӯш шаванд. Бхаскарарайя мефармояд, ки дар ин дараҷа садхаки дорои дониши ҳаматарафа бояд шуурашро ба ҳола­ти шуури кӯдаки хурдсол табдил диҳад.

Хулоса ва арзиши таърихии асар

[вироиш | вироиши манбаъ]

Раванди риёзат аз садхак кӯшиши зиёдеро металабад ва бисёре аз шогирдон қобилияти ба чунин ҳолат расиданро надоранд. Дар ин самт хатаре низ мавҷуд аст, ки шояд бо таъсири дониши сатҳӣ ва дурӯғин дар шуури сад­хак тазодҳо ба вуҷуд оянд ва боиси пайдоиши тасав­ву­роти нодуруст шаванд. Бинобар ин, «Ведаҳо аз шах­си нодон дар ҳаросанд». Тафсири андешаҳои зиёди ди­нию фал­сафӣ далолат бар он мекунанд, ки эътибори Браҳма-Сутра дар таърихи фарҳанги ведоӣ то ҳол хеле баланд ва устувор аст.