Брегет
Брегет | |
|---|---|
| | |
| | |
| Навъ | ширкати тобеъ[d] |
| Таъсисёбӣ | 1775 |
| Бунёнгузорон | Abraham-Louis Breguet[d] |
| Макон | |
| Ширкати модарӣ | The Swatch Group[d] |
| Сайт |
breguet.com/de(олмонӣ) breguet.com/fr(фр.) |
Брегет (Breguet), Бреге — тамғаи соатҳои швейтсарӣ.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1775 дар Порис соатсоз Абраам Луи Бреге (1747–1823) нахустин мағозаи соатфурӯширо кушод. Соатҳои вай дар муддати кӯтоҳ ба мардуми олимақом писанд омад. Дар давраи Инқилоби Фаронса А. Л. Бреге ба Швейтсария кӯчид ва истеҳсоли соатҳоро ба роҳ монд. Соли 1775 вай ба Фаронса баргашта, устохонаи худро барқарор кард ва барои соатҳои муқаррарӣ ва соатҳои репетирдор механизми навро ихтироъ кард. Аз соли 1801 Брегет ба бозорҳои дигари чаҳон, аз ҷумла Руссия, ба фурӯш бароварда шуданд. Дар таърихи худ ширкати Брегет бисёр технологияҳоеро ба вуҷуд овард, ки то ҳол дар истеҳсоли соат истифода мегарданд. Муштариёни машҳури таърихии Брегет маликаи Фаронса Мария Антуанетта, императори Фаронса Брегет Наполеон, султони империяи усмонӣ Салими III, сарвазири Британияи Кабир У. Черчилл, президенти Руссия В. Путин ва дигарон мебошанд. А. Пушкин дар асари машҳури худ «Евгений Онегин» Брегетро ба ёд овардааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Брегет // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2026, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.