Бредер
Намуди зоҳирӣ
Бредер (англ. brooder, аз brood – тухмхобонӣ) — таҷҳизот барои гарм кардани чӯҷаҳо дар ҳафтаҳои аввали аз тухм баромаданашон.
Бредер барқӣ, газӣ, ангиштсангӣ ва карасинӣ мешавад. Бредерҳои бо ҳезуму торф ва таппак гармшаванда низ мавҷуданд. Бредери барқӣ нисбатан бештар истифода мегардад. Дар он ҳароратро бо ёрии мурвати танзим ба қадри зарурӣ нигоҳ медоранд. Дар Бредери газӣ ҳавои зери чатр аз шуълаи сархона гарм ва танзим карда мешавад. Дар зери як Бредери барқӣ ё газӣ то 500 чӯҷаро нигоҳ доштан мумкин аст. Бредери обӣ аз дег ва қубурҳо иборат мебошад. Қубурҳоро ба дарозӣ ё бари мурғхона 5–8-тоӣ мегузоранд. Об баъди дар дег гарм шудан дар қубурҳо ҷорӣ шуда, ҳаворо гарм мекунад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бредер // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.