Бредохин
Бредохин | |
|---|---|
| | |
| Таърихи таваллуд | 1 (13) декабри 1831 ё 25 ноябри (7 декабри) 1831[1] |
| Зодгоҳ | |
| Таърихи даргузашт | 1 (14) майи 1904 (72 сол) |
| Маҳалли даргузашт | |
| Кишвар | |
| Фазои илмӣ | ахтаршиносӣ |
| Ҷойҳои кор | |
| Дараҷаи илмӣ: | Doctor of Natural Sciences[d] |
| Алма-матер | |
| Шогирдон | Nikolay Umov[d] |
Бредохин Фёдор Александрович (8.12.1831, Николаев – 1.5.1904, Санкт-Петербург), мунаҷҷими рус — академики АИ Петербург (1890), проф.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Универистети Маскав (1865), узви фахрии бисёр ҷамъияту муассисаҳои илмии Руссия ва дигар мамлакатҳо. Хатмкардаи Универистети Маскав (1855). Солҳои 1873–76 дар Универистети Маскав кор кардааст. Директори расадхонаҳои Маскав (1873) ва Пулково (1890–95). Асосгузори мактаби астрофизикони Маскав. Бредохин дар бораи астрофизика, астрометрия ва гравиметрия асарҳо навиштааст. Бо ширкати бевоситаи Бредохин мушоҳидаи мунтазами хромосфераи Офтоб бо протуберанс-спектрометр, аксбардории доғҳои Офтоб ва машъалҳо, таҳқиқи сатҳи Моҳ ва сайёраҳои Мирриху Муштарӣ оғоз ёфтанд. Соли 1875 баъди У. Хёггинсон омӯзиши таркиби кимиёии туманоти газии шуъоафканро оғоз кард. Дар нуҷум пайдоиши зузанабҳо, сайёраҳои хурд ва шиҳобҳоро таҳқиқ намудааст. Ӯ назарияи механикии шаклҳои зузанабро ба вуҷуд оварда, аз зарраҳои ҳастаи зузанаб ташкил ёфтани думҳои онро шарҳ дод, ҳаракати думҳои зузанабро таҳти таъсири қувваи рӯшноӣ ва ҷозибаи Офтоб асоснок кард. Дар соҳаҳои дигар – аз асбобҳои ченкунии оптикӣ сар карда то гравиметрия таҳқиқот анҷом додааст. Соли 1946 Президиуми АИ ИҶШС барои таҳқиқоти барҷастаи илмӣ дар соҳаи нуҷум ба номи Ф. А. Бредихин мукофот таъсис дод.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Шереметевский В. В. Русский провинциальный некрополь (рус.) — М.: Иван Николаевич Кушнерёв, 1914.
- 1 2 Воронцов-Вельяминов Б. А. История астрономии в России в XIX столетии (рус.) // Труды института истории естествознания — 1948. — Т. 2. — С. 26—70.
- ↑ Математическая генеалогия (ингл.) — 1997.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бредохин Фёдор Александрович // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Зодагони 13 декабр
- Зодагони соли 1831
- Зодагони 7 декабр
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без подписи
- Зодагони Империяи Русия
- Даргузаштагони 14 май
- Даргузаштагони соли 1904
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи илм