Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Брессон (Bresson) Робер

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Брессон (Bresson) Робер
фр. Robert Bresson[1]
Ном ба ҳангоми таваллуд фр. Robert Fernand Bresson[2]
Таърихи таваллуд 25 сентябри 1901(1901-09-25)[3][4][5][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 18 декабри 1999(1999-12-18)[3][4][5][…] (98 сол)
Маҳалли даргузашт
Шаҳрвандӣ
Касб филмноманавис, коргардони филм, рассом, коргардон, таҳиякунандаи филм
Солҳои фаъолият 19261996
Ҷоизаҳо
IMDb ID 0000975
Соядаст
 Парвандаҳо дар Викианбор

Брессон (Bresson) Робер (25.9.1907–22.12.1999) — кинорежиссёри фаронсавӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Маълумоти фалсафӣ ва адабиро дар Порис гирифта, бо рас­со­мӣ низ таваҷҷуҳ доштааст. Аз нимаи 2-юми солҳои 30 асри 20 дар соҳаи кино ҳамчун рас­­сом ва сенариянавис кор кард. Дар давраи Ҷанги дуюми ҷа­ҳонӣ (1939–45) асир афтода, ба Олмон фиристода шуд. Баъ­ди озод шудан, ав­ва­­лин филме, ки ба навор гирифт, «Фа­риш­таҳои гуноҳ» (1943) буд.­ Филм дар бораи роҳибаҳои иттиҳоди «Хоҳа­рони Вифан» нақл мекард, ки онҳо ба зан­ҳои аз тарафи ҷамъият бадномшуда паноҳгоҳ дода буданд. Соли 1945 филми «Хо­нум­ҳои ҷангали Булон»-ро дар асоси эпизоди романи Д. Дидро «Жаки тақдирпараст» – муколамаҳои Ж. Кокто) ба навор гирифт. Ҳамаи филм­ҳои баъдиро аз рӯйи сена­рияҳои худаш рӯйи навор овардааст. Филмҳои «Ёддошти рӯҳонии деҳа» (1950) ва «Таърихи Мушетҳо» (1967)-и Брессон дар бораи фоҷиаи ахло­қии қаҳрамонон, ки худро ба хидмати Худо бахшидаанд, муборизаи байни кӯшиш барои покӣ ва шавқи ҳало­ка­т­о­вари рӯҳи инсон мебошанд.

Нақшофарӣ дар филмҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дигар филм­ҳои офаридаи Брессон: «Ба марг маҳкумшуда» (1956), «Кисабур» (1959), «Нармдил» (1969) ва «Чор шаби хаёлпараст» (1971, ҳамааш аз рӯйи асарҳои Ф. М. Достоевский), «Пул» (1983, аз рӯйи ҳи­кояи Л. Н. Толстой «Купони қалбакӣ»), «Жанна д’ Арк» (1962), «Ланселот Озёрний» (1974, аз рӯйи ривоят дар бораи рит­сар­ҳои «Мизи муд­аввар») ва ғ. Бисёр филм­ҳои ӯ дар фести­валҳои бай­налмилалӣ сазовори ҷоиза­ҳо гаштаанд.

  1. 1 2 Bibliothèque nationale de France Record #11893933q // BnF catalogue général (фр.)Paris: BnF.
  2. 1 2 3 Fichier des personnes décédées (фр.)
  3. 1 2 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  4. 1 2 Gran Enciclopèdia Catalana (кат.)Grup Enciclopèdia, 1968.
  5. 1 2 Roglo — 1997.