Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Брест (бошгоҳи футбол)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Парчами Фаронса Брест
Номи пурра Бошгоҳи футболи Брест
(фр. Stade brestois 29)
Лақаб Дуздони обӣ
(фр. Les Pirates)
Таъсис 26.06.1950
Майдон «Франсис Ле Бле», Брест
Ғунҷоиш 15 097
Молик Парчами Фаронса Жерар ва Дени Ле Сен
Президент Парчами Фаронса Дени Ле Сен
Мураббӣ Парчами Фаронса Эрик Руа
Капитан Парчами Фаронса Брендан Шардонне
Рейтинг ҷойи 111-ум дар раддабандии УЕФА[1]
Сарпараст Quéguiner Matériaux
Сайт sb29.bzh
Мусобиқа Лига 1
2024/2025 ҷойи 9-ум
Форма
Либоси
асосӣ
Форма
Либоси
меҳмонӣ
Форма
Либоси
дуввум
2025/2026

«Брест» (фр. Stade brestois 29, талаффузи фаронсавӣ: ​[stɑd bʁɛstwɑː]) — бошгоҳи футболи фаронсавӣ, ки шаҳри Брестро дар Лига 1-и Фаронса намояндагӣ мекунад. Рақами 29 дар номи бошгоҳ рақами тартибии департаменти Финистерро ифода мекунад.

Таърихи бошгоҳи футбол аз соли 1903 оғоз меёбад, замоне ки дар шаҳри Брест дастае бо номи «l’Armoricaine» таъсис дода шуд.

Соли 1950 муттаҳидшавии ҳамзамони панҷ даста — «l’Armoricaine de Saint-Louis», «l’Avenir de Saint-Martin», «la Flamme du Pilier Rouge», «la Milice de Saint-Michel» ва «les Jeunes de Saint-Mar» — сурат гирифт. Бошгоҳи навтаъсис номи «Брест»-ро гирифт. Соли 1958 бошгоҳ мақоми ҳирфаӣ касб намуда, ба дивизиони дуюми Фаронса роҳ ёфт.

Соли 1979 «Брест» бори аввал дар таърихи худ ба Дивизиони якум роҳ ёфт, аммо дар чемпионат ҷои охиринро ишғол намуда, боз ба дивизиони поёнӣ фаромад. Дар мавсими навбатӣ бошгоҳ дубора ба Лигаи 1 баромад.

  • Лига 1
    • Мақоми сеюм: 2023/24
  • Лига 2
    • Қаҳрамон: 1980/81
    • Ноиби қаҳрамон (2): 2009/10, 2018/19

Ҳайати ҳозира

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Раддабандии УЕФА барои бошгоҳҳо. uefa.com. 5 феврали 2026 санҷида шуд.