Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Брест (шаҳр)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маҳалли аҳолинишин
Брест
русӣ: Брест
alt=Парчам[d] alt=Нишон[d]
Парчам[d] Нишон[d]
Кишвар  [[|]]
Роҳбар Syarhiey Labadzinski[d][1]
Таърих ва ҷуғрофия
Таъсис 1017[2][3]
Аввалин номбарӣ 1017[2][3]
Масоҳат
Баландии марказ 280 ± 1 м
Аҳолӣ
Шумора
Забони расмӣ белорусӣ ва русӣ
Шиносаҳои ададӣ
коди телефон 162
Нишонаи почта 224000
city-brest.gov.by
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Брест (Брэст; аз асри 17 то соли 1919 – Брест-Ли­товск) — шаҳр дар Белоруссия, маркази маъмурии вилояти Брест.

Мавқеи географӣ ва аҳолӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар соҳили дарёи Мухавес, назди резишгоҳи он бо дарёи Буги Ғарбӣ, дар сарҳадди Лаҳистон ҷойгир аст. Аҳолиаш 310,8 ҳазор нафар (2010). Маркази роҳҳои нақлиёти ав­томо­би­лӣ ва роҳи оҳан бо шаҳрҳои Минск, Гомел; Варшава, Белосток, Вло­дава (Лаҳистон), Ковел (Украина) мебошад. Бандари да­рёӣ ва аэропорти байналмилалӣ дорад. Яке аз шаҳрҳои қа­димии Руси Қадим аст. Бори нахуст дар маъ­хазҳои таърихии Новгород соли 1017, дар манобеи Лаврентий ва Ипотевск соли 1019 ҳамчун Берест қайд гаштааст. Соли 1044 мустамликаи князигарии Киев, миёнаи ас­ри XII дар ҳайати князигарии Волинск ва соли 1319 зери тасарруфи Литва буд. Соли 1795 ба Руссия ҳамроҳ шуд. Соли 1830 сохтмони иншооти Қалъаи Брест оғоз гардид. Марти 1918 дар толори сафеди ин қалъа байни Руссияи Шӯравӣ ва Олмону иттифоқчиёнаш дар Ҷанги якуми ҷа­ҳонӣ (1914–18) Сулҳи Брест баста шуд. Соли 1919 брестро поландиҳо ишғол карданд. Сентябри 1939 баъди якҷо шудани Белоруссияи Ғарбӣ бо ҶШС Белоруссия ба ҳай­ати ИҶШС ворид шуд ва брест маркази вилоятии Белоруссия гардид. Дар оғози ҶБВ аз 22 июни 1941 минтақаи му­ҳо­ри­баҳои шадиди байни сипоҳиёни Шӯравӣ ва Олмон бу­да, бо муҳофизати қаҳрамононаи қалъаи Брест машҳур гашт. Ба қалъа 8 майи 1965 номи «Қалъаи қаҳрамон» до­да шуд. Июли 1944 аз лашкариёни фашистӣ озод гардид.

Таърихи пайдоиш ва таҳаввул

[вироиш | вироиши манбаъ]

Брест маркази саноат ва маданияти мамлакат буда, дар он саноати мошинасозӣ (асбобсозӣ, электротехника), мебел­созӣ, сабук, хӯрокворӣ, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ та­рақ­қӣ кардааст.

Иқтисодиёт ва саноат

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз ёдгориҳои таърихӣ Калисои католикии поландӣ (костёл) (1856), Калисои Симонов (1865), имо­­рат­ҳои охири асри XIX ва аввали асри XX маҳфуз мондаанд. Дар брест Донишгоҳи давлатии ба номи А. С. Пушкин, донишгоҳи техникӣ, институти омӯзгорӣ, коллеҷи поли­тех­никӣ, коллеҷи роҳи оҳан, коллеҷи мусиқӣ ва тиббӣ, осорхонаи кишваршиносӣ, осорхонаи бостоншиносӣ, Осор­хонаи муҳофизати қалъаи Брест, театри академӣ-драмавӣ, теат­ри лӯхтак мавҷуд аст.