Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Бретан

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бретан ( фр. Bretagne, англ. Breizh) — музофоти таъ­рихӣ дар қисмати шимоли ғарбии Фаронса, воқеъ дар нимҷазираи Бре­тан.

Таърихи мухтасари Бретан

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар ибтидо бо номи Арморика ба ҳай­ати Галлия дохил мешуд. Баъдан аҷдоди келтҳои қа­дим – бритҳо дар зери фишори қабилаҳои англосаксҳо (асрҳои V–VI мелод) аз ҷазираҳои Британия муҳоҷират карда, дар бретан сокин шуданд. Музофот ҳамчун маҳалли ташаккулёбии бретонҳо номи бретанро гирифт. Бретонҳо дар мубориза бар зидди франк­ҳо, шоҳии мустақили Бретонро (845) таъсис доданд, ки баъдан ба ҳукуматдории герсогӣ (асри X) табдил ёфт. Баъзе ашрофи бретонҳо дар ҳуҷумҳои ҳарбии норманҳо ба Англия (1066) ширкат карданд. Аз миё­наҳои асри XII бретан дар тобеияти Англия ва шоҳони Фаронса (аз 1298) қарор дошт. Бретонҳо дар давраи Ҷанги садсола (1337–1453) Фаронсаро ҷонибдорӣ мекарданд. Баъдан сиёсати марказигардонии шоҳони Фаронса са­баби сар задани ҷангҳои бретонҳо ва фаронсавиҳо (1487–1491) гардид. Ахиран соли 1532 бретан ба ҳайати Фаронса дохил гардида, мухторияти нисбии худро то давраи И­н­қи­лоби Бузурги Фаронса (1789–99) нигоҳ дошт.

Сохти маъмурӣ ва музофот дар замони муосир

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз соли 1790 бретан ба панҷ музофот тақсим шуд. Ҳоло бретан аз чаҳор департамент – Ил ва Вилен, Кот-д`Армор, Морбиан, Финистер иборат мебошад. Департаменти панҷум – Луараи Поинӣ (бо маркази таърихии Бретан – шаҳри Нант) соли 1941 ба ҳайати музофоти Луара дохил гардид.