Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Бретонҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бретонҳо
Шумора
  • 7 000 000 ± 1 000 000 тан
Сукунат
Дин котулисизм[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Бретонҳо, мардум дар Фаронса, дар нимҷазираи Бретан ва дигар манотиқи он, ҳамчунин дар Канада ва ИМА.

Ба забони бретонии гурӯҳи келтии оилаи ҳиндуав­рупоӣ (бо чаҳор лаҳҷа) такаллум мекунанд. Шумораи умумиашон дар ибтидои асри XXI ҳудуди 2,8 млн нафар. Динашон хрис­тиании католикӣ. Ташаккули бретонҳо дар асрҳои 5–7 сурат гирифта, соли 845 давлати шоҳии мустақили бретонҳо ба ву­ҷуд омад. Минбаъд тибқи шартнома бо Фаронса ба ҳайъати шоҳии Фаронса бо ҳифзи мухторияти худ дохил шуданд. Инкишофи худшиносии Бретонҳо аз миёнаи асри XIX шурӯъ шуд. Ғояи мазҳабгароии онҳо баъди Ҷан­ги якуми ҷаҳон афзуда, таваҷҷуҳашон ба маданияти мил­лӣ беш­тар гардид. Аз соли 1997 забони бретонӣ дар мак­табҳо омӯх­та мешавад.

Фарҳанг ва тарзи зиндагӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бретонҳо маъмулан бо моҳигирӣ, чорводорӣ, шаробкашӣ ва па­зироии туристҳо машғуланд. Дар хонаҳои якқабатаи ба­ланду дароз зиндагӣ мекунанд. Фолклори бретонҳо ниҳоят ға­нӣ буда, дар рӯзҳои муайяни фаслҳои сол фестивалҳои муси­­қии минтақавӣ барпо менамоянд, инчунин иди ҳосилотро хеле пуршукӯҳ қайд мекунанд.