Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Бриг

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бриг «Эндимион»

Бриг (Аз олмонӣ: BriggBrigg или англ. brigbrig, итол. brigantinobrigantino) — киштии бодбонӣ, киштии дутира­ест, ки фок-тиру грот-тираш бодбони мустақим дошта, дар грот-гаф-трисел дорои як бодбони уреби гафелӣ аст.

Дарозии Бриг 23–50 м, вазнаш то 480 кг буда, 12–16 нафар ходим дорад. Дар адабиёти бадеӣ ин бод­бонро муаллифон кон­т­робизан меноманд. Бриги нисбатан машҳури флоти ру­сӣ «Меркурий» буд, ки соли 1928 дар ҷанги Туркияву Руссия бо ду киштии хаттии туркӣ ба ҷанг даромад ва ба душман зарба зада, ғолиб баромад. Феълан Бриги Британияи Кабир «Роялист» (соли 1971 сохта шудааст) ва «Руал Амундсен»-и олмонӣ (соли 1952 сохта шудааст) мисоли Бриги мебошанд.