Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Бригантина

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бригантина Asgard II(англ.) (Ирландия)

Бригантина (аз итол. brigantin(o)brigantin(o) — «шхуна-бриг», brigantina «бизан») — киштии дусутунаи бодбондор, ки бо бодбонҳои омехта – бодбонҳои рост дар сутуни пеш (фок-мачта) ва бодбони моил дар сутуни ақиб (грот-мачта) ҷиҳозонида шудааст.

Дар ибтидо Бригантинаҳо бо белҳои шиноварӣ муҷаҳҳаз буданд. Дар асрҳои 16–19 Бригантинаҳои дутира, одатан, аз ҷониби роҳзанҳои баҳрӣ истифода мешуданд ва дар тамоми минтақаҳои баҳри Миёназамину уқёнуси Ором паҳн гар­дида буданд. Аслиҳаи Бригантина аз 20 тӯп зиёд набуд. Бригантинаҳои му­о­сир киштиҳои дутираи бодбондор бо фок-мачта мебошанд ва грот-мачтаи бодбонҳояш моил ба бодбонҳои шхуна – грот-трисед ва топсел монанд аст. Дар флоти ҳар­бии Руссия Бригантина дар асри 17 пайдо шудааст.