Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Бродвей

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бродвей (англ. Broadway), кӯчаи васеъ ва дарозтарини Ню-Йорк.

Нависандаи маъруфи амрикоӣ Эдгар Аллан По дар борааш чунин нигоштааст: «Ба ҳама маълум аст, ки Бродвей кӯчаи аз ҳама қашангтарини Дунёи Нав аст. Ин сурхраги бузургест, ки дар он беҳтарин хуни сох­тори мо ҷорист. Ҳар он чизе, ки дар қит­ъаи мо зарифу латифу нафис аст, аз ин кӯча гузар карда. Дар ин ҷо хубтарин на­моишгоҳҳо созмон дода мешаванд, ба ин кӯча аз тамоми дунё корвонҳо меоянд». Дар тафовут аз дигар кӯ­чаҳои Манхэттен, ки ҳамагӣ мустақиманд, Бродвей хатти ба арз хами ҷазира аст. Замоне аз Манхэттен пай­раҳаи ҳиндуҳо мегузашт.

Масир ва ҷойгиршавӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бродвей аз Манхэттен ва Бронкс гузашта, аз байни шаҳракҳо ба шимол тӯл кашида, то пойтахти Ню-Йорк – шаҳри Олбани мерасад.

Аҳамияти фарҳангӣ ва маъмурӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бродвейро кӯ­чаи соҳибко­рон ҳам меноманд, чаро ки дар он чандин би­ноҳои кор­хонаҳо ва муассисот ҷой гирифтаанд. Бродвей макони боэътибор ва маркази санъати Амрико буда, дар ин ҷо театри «Метрополитен-опера» ҷойгир аст. Дар қисмати маъмурии Бродвей бинои шаҳр­дорӣ, мунисипалитети Ню-Йорк ва хиёбони Сити-холл мав­ҷу­­данд, ки соли 1776 дар ин ҷо Декларатсияи истиқлоли­яти ИМА қи­роат карда шуд.