Бромодерма
Бромодерма (лот. bromum – бром ва юн.-қад. derma – пӯст) — як навъ бемории пӯст, ки аз истифодаи барзиёди доруҳои бромдор, хусусан бромиди калий, ба вуҷуд меояд.
Ҳангоми Бромодерма дар рӯй, соқ ва сурин бусуроти гуногун медамад. Бромодерма наракмонанд, густаришёфта ва гиреҳчашакл мешавад. Бромодермаи наракмонанд аз нараки муқаррарӣ калонтар буда, рангаш кабудча аст. Бромодермаи густаришёфта асосан дар кӯдакон дучор меояд; зоҳиран ба сурхакон, саглес ва гулгуна монанд аст. Ҳангоми Бромодермаи гиреҳчашакл дар пӯст уқдаҳои омосшакли бунафштоб пайдо мешаванд. Қутри онҳо якчанд сантиметр буда, рӯяшон бо карахш пӯшида шудааст.
Бо мақсади муолиҷаи Бромодерма истифодаи доруҳои бромдорро қатъ кардан лозим аст. Бромро аз организм бо ёрии давоҳои пешоброн ва исҳоловар хориҷ мекунанд. Истеъмоли 10–20 г намаки ошӣ дар як шабонарӯз, маҳлули 10–20%-аш калсии хлордор (3 бор якчумчаӣ), истифодаи обзани гарм бо маҳлули перманганати калий, бандинаҳои антисептикӣ низ манфиат дорад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бромодерма // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2026, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.