Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Бронхит

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бронхит
DiseasesDB 29135
MedlinePlus 001087
eMedicine / 
MeSH D001991

Бронхит (лот. bronchitisbronchitis, аз бронх + -itis — илтиҳоб) — илтиҳоби бронхҳо; яке аз иллатҳои асосии узвҳои нафас.

Аломатҳои асосии бронхити шадид ва музмин

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бронхит шадид ва музмин мешавад. Бронхити шадид, одатан, хусусияти сироятӣ дошта, аксаран боиси газаки бинӣ (зуком), ҳалқум (фарингит), ҳанҷара (ларингит), хирной (трахеит) мегардад. Бронхит дар натиҷаи хунук хӯр­­дани организм, якбора тағйир ёфтани обу ҳаво ва нам­нокии зиёд (асосан дар фаслҳои баҳору тирамоҳ) сар мезанад. Ба пайдоиши он кашидани тамоку, истеъмоли нӯшокиҳои спиртдор ва беҳолӣ (бинобар ягон бемории музмин) мусоидат мекунанд. Бронхит аз таъсири газҳои заҳрнок, равғани эфир, чан­гу ғубор ва ғайра низ ба вуҷуд меояд. Бронхити шадид аз бе­ҳолии умумӣ сар зада, мушакҳо дард мекунанд, зуком, на­фастангӣ ва сурфаи сахт пайдо мешавад. Бемор кам-кам балғами сабзтоб мепартояд. Он баъди чанд рӯз бо шифои комил анҷом мепазирад. Бронхити музмин дар натиҷаи табобати нопурраи Бронхити шадид, инчунин аз беҳолии организм сар мезанад. Мумкин аст дар натиҷаи иллати роҳҳои болои на­фас ва ангезиши луобпардаи бронхҳо низ инкишоф ёбад. Ҳангоми бронхити музмин илтиҳоб қабати девораи бронхҳо ва бофтаҳои атрофро комилан фаро гирифта, ба пайдоиши оризаҳои ногувор, монанди бронхоэктаз, эмфиземаи шуш, газаки шуш мусоидат мекунад. Агар беморӣ такроран ху­рӯҷ кунад, беморро сурфаи доимӣ ва ихроҷи балғами тираи сабз озор медиҳад. Дар сари сина дард пайдо шуда, он ҳангоми амиқ нафас кашидан, сурфидан, нафастангӣ, кори вазнини ҷисмонӣ, ҳаракат ва ҳатто дар вақти истироҳат низ меафзояд. Дар сурати ба зиқи нафас шабоҳат доштани Бронхити музмин бемор зуд-зуд нафасгир мешавад. Ҳарорати бадан то 37,5–38º баланд мегардад. Авҷи Бронхит ба мавсими ху­нуки сол рост омада, бо дигар бемориҳо якҷо мегузарад.

Тартиби нигоҳубин ва табобати бемор дар хона

[вироиш | вироиши манбаъ]

Риояи низоми кору зиндагӣ, истеъмоли хӯроки серғи­зо ва нӯшокии гарм (чой бо мураббои тамашк, шир бо со­да ё оби минералӣ), буғи картошкаи обпаз, обзанҳои хар­да­лӣ барои пой ва ғайра ҳолати беморро беҳтар мекунанд. Дар ҳолати вазнинии беморӣ беморро дар бемористон мехобонанд. Ҷойи хоби бемор бояд гарм, хушк ва ҳавояш тоза бошад. Дар вақти тоза кардани ҳавои хона (дар фасли зимистон) пушти беморро ба тарафи тиреза гар­­донда, болояшро бо кӯрпа хуб мепӯшонанд. Дар мавриди аз ҳад зиёд хушк будани ҳавои хона дар назди бу­хорӣ зарфи обдор гузоштан лозим аст. Балғамро ба зарфи алоҳидае, ки сеяки ҳиссаи он маҳлули 5-фоизаи хлорамин дорад, мепартоянд. Истеъмоли хӯроки тунду тез, шӯр, очор, кабоб мамнӯъ аст. Машқҳои шифоии махсус имкон ме­диҳад, ки на­фаскашии солим барқарор гардад.

Пешгирии беморӣ ва тарзи ҳаёти солим

[вироиш | вироиши манбаъ]

Обутоби организм бронхитро пешгирӣ мекунад. Дар ҳавои тоза ба варзиш машғул шудан низ фоида дорад. Дар пешгирии бронхит сари вақт муолиҷа кардани зуком, тонзиллит, га­заки ҷавфҳои изофии бинӣ, тоза нигоҳ доштани ҳавои хона муҳим аст.