Бронхопневмония
Намуди зоҳирӣ
Бронхопневмония | |
|---|---|
| eMedicine | / |
| MeSH | D001996 |
Бронхопневмония (аз бронхҳо ва пневмония) — илтиҳоби бронху алвеолаҳои шуш.
Сабабҳо ва хатари он барои кӯдакон
[вироиш | вироиши манбаъ]Бронхопневмония бар асари бемориҳои сироятӣ – грипп, туляремия ва ғайра ё оризаи онҳо падид меояд. Ба пайдоиши бронхопневмония бемориҳои ғайрисироятӣ, масалан, нақси дил, сактаи дил, омосҳо низ мусоидат мекунанд.
Нишонаҳо ва хавфи бронхопневмония дар кӯдакон
[вироиш | вироиши манбаъ]Бронхопневмония бемории вазнин буда, гоҳе боиси фавти кӯдакони навзод мешавад. Кӯдаки бемор сина намемакад, шири хӯрдаашро қай мекунад, дарунраву лоғар шуда, тез-тез ва сатҳӣ нафас мегирад (дар 1 дақиқа 80–120 бор).
Тадбирҳои фаврӣ ва табобат
[вироиш | вироиши манбаъ]Кӯдакро бетаъхир ба табиб нишон додан лозим аст. Иҷрои ҳама таъйиноти духтурон ҳатмист.
Нигар низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бронхопневмония // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2026, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.