Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Бруксизм

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бруксизм
DiseasesDB 29661
MedlinePlus 001413
eMedicine / 
MeSH D002012

Бруксизм (юн.-қад. brucho – ғиҷиррос задан) — садо додани дандонҳо ҳангоми хоб.

Агар ин амал рӯзона дар ҳола­ти бедорӣ сурат гирад, онро «бруксомания» ме­гӯянд. Сабаб­ҳои Бруксизм: нобаробар соиш хӯрдани дандон­ҳо, ангезиши шадиди мушакҳои жовиш, бемории пародонтопатия (эътилоли бофтаҳои атрофи дандон), даҳонхушкӣ, киҷҷа­сорӣ ва ғ. Бруксизм кӯтоҳмуддат, хурӯҷ­монанд ва баъзан дарозмуддат мешавад. Бештар дар синни кӯдакӣ ва ҷавонӣ ба мушоҳида мерасад. Он баъзан худ аз худ нест мешавад. Дар сурати бардавом будани Бруксизм табиб доруҳои таскинбахш, физиотерапия, варзиш, масҳи ҷоғ, сар­мошифоӣ таъйин мекунад. Ҳам­чунин муолиҷаи нақси дандонҳо (тоза кардани санги дандон, суфта намудани теғаи дандонҳои тез) муфид аст.