Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Бузургмеҳри Тоҷиддин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бузургмеҳри Тоҷиддин
форсӣ: بزرگمهر تاج‌الدین
Навъи фаъолият шоир, рӯзноманигор
Солҳои эҷод 2015 — то ҳол
Забони осор тоҷикӣ
Ҷоизаҳо Ҷоизаи Кумитаи ҷавонон ва варзиш (2020)

Бузургмеҳри Тоҷиддин (зод. 27 апрели 1990, деҳаи Шинг, ноҳияи Панҷакент) — шоир, рӯзноманигор, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (аз 2019)[1] ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (аз 2024).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бузургмеҳри Тоҷиддин 27 апрели соли 1990 дар деҳаи Шинги шаҳри Панҷакент таваллуд шудааст. Соли 2008 мактаби миёнаи № 11 ба номи Санақул Содиқовро хатм намудааст. Таҳсилоти олиро дар факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода (2014) гирифта, соли 2016 зинаи магистратураи Академияи илмҳои Тоҷикистонро ба итмом расонидааст.

  • 2015—2017 — омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик ва сармуҳаррири маҷаллаи «Армуғон» дар Гимназияи № 1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе;
  • 2017—2018 — мухбири Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва ровии радиои «Ховар»;
  • 2018—2024 — ходими адабӣ ва мудири шуъбаи фарҳанги ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат»;

Ҳоло мудири шуъбаи публитсистикаи ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» мебошад.

Бузургмеҳри Тоҷиддин муаллифи якчанд маҷмӯаҳои шеърӣ мебошад. Намунаҳои ашъораш дар маҷмӯаҳои дастҷамъии «Ситоишномаи модар», «Мусибатнома», «Килки сабз», «Ҷон дар кафи даст» ва «Шоири як шеър» ба табъ расидаанд. Як силсила шеърҳои ӯ ба забони узбекӣ тарҷума шуда, дар китоби дастҷамъии «Тенгдошлар» (Ҳамсолон) дар Узбекистон нашр шудаанд. Инчунин, ӯ ашъори шоирони муосири русро ба забони тоҷикӣ (форсӣ) тарҷума намудааст.

  • «Соати девори дил»[2] (2019);
  • «Дили ойинабанд» (2020);
  • «Навори ҷавонӣ» (2022).
  • Ҷоизаи Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2020).
  1. ТОҶИДДИН БУЗУРГМЕҲР. ИНТ. 16 Январ 2026 санҷида шуд.
  2. Бахтовар Сафаров. Соати девори дил. Pressa.tj (13 сентябри 2019). 16 Январ 2026 санҷида шуд.