Бузург Артишторон-солор
Бузург Артишторон-солор | |||||
|---|---|---|---|---|---|
| | |||||
| Кӯтаҳнивишт | форсӣ: بزرگ ارتشتارانسالار | ||||
| Кишвар |
|
||||
| Дараҷаи пойинтар | Артишторон-солор | ||||
| Ҳамто |
|
||||
Бузург Артишторон-солор (форсӣ: بزرگ ارتشتارانسالار) — баландпоятарин дараҷаи солорӣ дар нерӯҳои мусаллаҳ аст, ки ҷойгоҳе болотар аз артишторон-солор дорад ва баробар бо генералиссимус (лот. generalissimus) аст.
| кеҳтар: Артишторон-солор |
Бузург Артишторон-солор |
меҳтар: — |
Вожашиносӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]«Бузург Артишторон-солор» аз ду вожа сохта шуда ва мақулаи дастурии он исм ва сохтвожаи он ба сурати [сифат (бузург) + исм (артишторон-солор)] аст:
бузург (форсӣ: بزرگ < порсии миёна: vazurg[1]) + артишторон-солор (форсӣ: ارتشتارانسالار < порсии миёна: artēštārān-sālār)[2]
Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст.
Истилоҳи артишторон-солор (порсии миёна: artēštārān-sālār) дар соли 2025 аз сипоҳи Сосониён навгузиниш ва баробари дараҷаҳои низомии генерал-фелдмаршал (фелдмаршал, маршал) ниҳода шудааст.
Артиштор (дар порсии миёна: artēštār) вомвожа аз raθaē-štar- дар забони авестоӣ аст: форсӣ: ارتشتار < порсии миёна: artēštār ‘разманда’ < авестоӣ: raθaē-štar- ‘гардунасавор’ < raθa- ‘гардуна’ + štar- ‘истода’[1].
«Солор» аз куҳантарин замонҳо ба маънои «фармондеҳ; генерал» дар номгузории симату дараҷаҳои низомӣ ба кор меравад: солор < форсӣ: سالار < порсии миёна: sālār < эронии бостон: *sara-dāra- ‘сардор’[1].
Пешина
[вироиш | вироиши манбаъ]Бузург Артишторон-солор дар қиёс бо артишторон-солор (порсии миёна: artēštārān-sālār) сохта шуда, ки баландпоятарин мақоми низомӣ пас аз шоҳаншоҳ дар замони Сосониён буд[3][4]. Дар «Замёд яшт» («Яштҳо», 2/331) мардум бино бар пешае, ки доштанд, ба се гурӯҳ тақсим мешуданд: руҳониён ё осрӯнон (авестоӣ: āθravan-, aθaurvan-); размкорон ё артишторон (авестоӣ: raθaē-štar-) ва кишоварзон ё востриюшон (авестоӣ: vāstrya.fšuyant-)[5]. Оғози ин тақсимбандӣ, ки дар замони Сосониён бо пайдоиши гурӯҳи чаҳорум – пешаварон ё ҳутухшон (порсии миёна: hutoxšān) – ба авҷи марзбандии дақиқи худ мерасад, дониста нест, вале дар «Корномаи Ардашери Бобакон» ба унвони артишторон-солор ишора шудааст.
Ба гузориши Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ, мақоми артишторон-солор болотар аз сипоҳбед (порсии миёна: spāhbēd) ва тақрибан ҳампоя бо аргбед (порсии миёна: argbēd) будааст. Аз қаринаҳо чунин бар меояд, ки артишторон-солор унвони дигаре барои Эрон-сипоҳбед (порсии миёна: Ērān-spāhbēd) аст, ки то замони подшоҳии Хусрав Анӯшервон болотарин мақоми низомӣ дар шоҳаншоҳии Сосониён буд[6].
Бузург Артишторон-солор дар баробари генералиссимус ниҳода шудааст, ки баландпоятарин дараҷаи низомӣ (мақоми низомӣ ва унвони ифтихории низомӣ) дар артишҳои подшоҳии Фаронса, Бритониё, подшоҳии муқаддаси Рум, Русия, Утриш, Суед, Испониё, Мексика, Ҷопон ва нерӯҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ, Ҷумҳурии халқи Чин, Куреи Шимолӣ ва дигар кишварҳо будаву ҳаст.
Дар садаҳои миёна дараҷа ё мақоми генералиссимус (аз лот. generalissimus[7]) ба фармондеҳони кулли нерӯҳои мусаллаҳ ва ё фармондеҳи артиши як ё чанд кишвар дода мешуд, ки дар замони ҷанг бо ҳам иттиҳоди низомӣ доштанд.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1 2 3 Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1383. ISBN 978-600-6143-55-2. ҷ. 1, с. 162.
- ↑ W. Sundermann. ARTĒŠTĀR, Encyclopædia Iranica. Vol. II, Fasc. 6, pp. 661-662
- ↑ W. Sundermann. ARTĒŠTĀRĀN SĀLĀR, Encyclopædia Iranica. Vol. II, Fasc. 6, p. 662
- ↑ Дьяконов М. М. Очерк истории древнего Ирана. М., 1961. С. 291
- ↑ Баҳор, Меҳрдод. Пажӯҳише дар асотири Эрон (пораи нахуст ва дуюм). Виростор: Катоюн Маздопур, чопи дувум пойизи 1376, Интишороти «Огоҳ», саҳ. 74, ёддошти 2. ISBN 964-416-045-2
- ↑ Artēštārān-sālār // Донишномаи Эрон, ҷ. 2, 2503. 23 октябри 2012 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 октябри 2012.
- ↑ "generalissimo". Encyclopaedia Britannica: Or, A Dictionary of Arts, Sciences, and Miscellaneous Literature, Enlarged and Improved. Archibald Constable. 1823. p. 484. https://archive.org/details/bub_gb_HconAAAAMAAJ.
Генералиссимус // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.