Букмекер
Намуди зоҳирӣ

Букмекер (англ. bookmaker) — навъи фаъолиятест, ки тавассути он аз ҳаводорони бозиҳои гуногун, масалан, аспдавонӣ, пойга, инчунин маъракаҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, молиявӣ ва ғ. маблағи шарт қабул карда мешавад.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар давраҳои аввали пайдоиш, хосса дар империяи Рум, маҳалли асосии фаъолияти Букмекер аспрез (ипподром)-ҳо буданд. Дар он ҷо ҳаводорони пойга оид ба ғолибияти ин ё он даста гарав мебастанд ва барои ин маблағи муайян мегузоштанд. Маблағро касе соҳиб мешуд, ки пешгӯияш дуруст баромада бошад. Баъдан дар баробари пойга хурӯсҷанг ва дигар шаклҳои бозӣ низ маъмул гаштанд. Фаъолияти Букмекер хусусан дар Британияи Кабир ривоҷ ёфтааст. Ин давлат аз ҷиҳати коргоҳҳои Букмекер дар ҷаҳон ҷойи аввалро ишғол мекунад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Букмекер // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.