Буколика
Буколика, назми буколикӣ (аз лот. Bucolica– чӯпон) — яке аз навъҳои адабӣ дар Юнони Қадим, ки баъдан дар адабиёти римӣ ва асрҳои миёна дар адабиёти кишварҳои Аврупо рушд карда, мукаммал гардид.
Маншаи асосии ин навъи адабӣ эҷодиёти шифоҳии халқ – сурудҳоеанд, ки дар онҳо ҷаҳони ботинии қаҳрамон кушода мешавад, манзараҳои зебову фараҳбахши табиат тасвир меёбанд. Нахустин сарояндаи шеърҳои буколикӣ шоири Юнони Қадим Феокрит аст, ки дар охири асри IV – нимаи аввали асри III то мелод зиндагӣ кардааст. Пайравони ӯ Мосх, Бион (асри II то м.) ва дигарон низ дар ин навъи адабӣ эҷод кардаанд, вале асарҳои онҳо ба Феокрит нисбат дода шудаанд. Бисёре аз навиштаҳои онҳо дар мавзӯи ишқанд. Дар адабиёти Рим дар навъи Буколика Вергилий, Калпуриний (асри I) эҷод кардаанд. Мавзӯи Буколикадар эҷодиёти ин шоирон андаке дигар шудааст: асарҳои онҳо баъзан мадҳианд, баъзеашон хусусияти дидактикӣ доранд.
Буколика ба маншаи асосии он – эҷодиёти шифоҳии халқ дар адабиёти шифоҳии халқи тоҷик асос дорад, вале он ба чаҳорчӯби Буколикаи Юнони Қадим ва Рим мутобиқ нест. Буколикаҳои тоҷикӣ – сурудҳои чӯпонӣ, тасвири манзараҳои табиат, фалак, кӯҳсорон, талу теппаҳо, зиндагӣ дар деҳот ва ғайра дар навъҳои (жанрҳои) рубоӣ, байт, дубайтӣ ва ғайра эҷод карда мешаванд. Яъне, Буколика чун номи навъи адабии эҷодиёти шифоҳии халқи тоҷик ба кор бурда нашудааст, вале маъниву мазмунҳои дар ин навъи шеър мавҷуда дар фолклори халқи тоҷик ба таври фаровон вомехӯранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Буколика / А. Расулов. // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2026, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.