Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Булбул (шоир)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Булбул (шоир)
Саййидкозим ибни Шоҳбақо
Таърихи таваллуд 1893(1893)
Зодгоҳ деҳаи Санглохи Бадахшон
Таърихи даргузашт 1944(1944)
Маҳалли даргузашт Кобул

Булбул форсӣ: بلبل Саййидкозим ибни Шоҳбақо (1893, деҳаи Санглохи Бадахшон – 1944, Кобул) — шоири тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пас аз таҳсили илм дар мадрасаҳои Кобул ва Эрон ба зодгоҳаш баргашта, ба таълиму тадрис машғул шуд. Мувофиқи маълумоти маъхазҳои адабӣ девоне доштааст шомили 20 ҳазор байт, вале он дастраси муҳаққиқон нагардидааст. Аз ашъораш намунаҳо ба воситаи тазкираҳо ва баёзҳо расидаанд. Абёти зерин аз ӯст:

Ту, эй сарви сиҳиқомат, ки аз насрин бадан дорӣ,
Зи гул нозуктарӣ, ё Раб, ки аз гул пираҳан дорӣ.
Насими субҳи содиқро асири зулфи худ кардӣ,
Магар дар хиттаи мӯ нофаи мушки Хутан дорӣ?

Аҷаб бадри шаби кадрӣ, ки аз анзор пинҳонӣ,
Гаҳе дар дида мегардӣ, гаҳе дар дил ватан дорӣ.
Баҳор асту ба гулшан булбулу гул анҷуман доранд,
Қадам кун ранҷа, гар майли тамошои чаман дорӣ.