Булганин Николай Александрович
Николай Александрович Булганин (30 май (11 июн) 1895[¹], Нижний Новгород — 24 феврали 1975, Москва) — арбоби давлатии даврони шӯравӣ, генерал-полковник (1944). Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ (1955).
Фаъолият
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 1947–58 Маршали Иттиҳоди Шӯравӣ (минбаъд ин унвони олии ҳарбӣ лағв шуд).Соли 1917 баъди хатми омӯзишгоҳ ба болшевикон пайваст. Солҳои 1918–22 дар мақомоти (ВЧК) Раиси Комиссияи фавқулодаи умумируссиягӣ доир ба нақлиёт ва аз соли 1922 бо корҳои хоҷагию маъмурӣ машғул буд. Солҳои 1931–37 Раиси Комитети Иҷроияи Шӯрои Маскав, 1937–38 Раиси ШКХ-и РСФСР, 1938–45 раиси идораи Бонки давлатии ИҶШС. Солҳои ҶБВ (1941–45) узви Шӯрои ҷабҳаҳои гуногун; соли 1946 ҷонишини Комиссари Халқӣ, солҳои 1947–49 вазири Қувваҳои мусаллаҳ, 1953–55 вазири мудофиаи ИҶШС, 1946–48 номзад ва аз соли 1948 узви Президиуми ҲКИШ, 1946–52 узви Шӯрои ташкилии КМ, солҳои 1947–53 ҷонишин, сипас ҷонишини аввали Раиси Шӯрои вазирони ҲКИШ. Баъди съезди 19-и ҲК (1952) дар таркиби «Роҳбарияти панҷгона»-и аъзои Президиуми КМ ҲКИШ дохил буд, ки сиёсати дохилию хориҷиро муайян мекард. Солҳои 1955–1958 раиси Шӯрои Вазирони ИҶШС. Июни 1957 ба гурӯҳи зиддиҳизбӣ, ки ба муқобили сиёсати давлатдории Н. С. Хрушев равона шуда буд, пайваст. Соли 1958 ( моҳи март) аз вазифаи сардори Ҳукумат озод карда шуд.
== Эзоҳ ==
- 1 2 3 Булганин Николай Александрович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- 1 2 Bell A. Encyclopædia Britannica (ингл.брит) — Encyclopædia Britannica, Inc., 1768.
- ↑ https://cs.isabart.org/person/149454
- ↑ https://books.google.ca/books?id=EfBI2FD-cMMC&pg=PA150&lpg=PA150&dq=%22Nikolai+Bulganin%22+novodevichy&source=bl&ots=6EVxrsFPZU&sig=hYr7XgfKzMXJbUjFDViQsOfZ4jw&hl=en&sa=X&ved=0ahUKEwjM5_aaltzWAhUE44MKHcq0CPoQ6AEIWjAL#v=onepage&q=%22Nikolai%20Bulganin%22%20novodevichy&f=false
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Николай Александрович Булганин // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Зодагони 11 июн
- Зодагони соли 1895
- Зодагони Империяи Русия
- Даргузаштагони 24 феврал
- Даргузаштагони соли 1975
- Даргузаштагони Маскав
- Аъзои Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ
- Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ
- Дорандагони ордени Ленин
- Дорандагони ордени Ситораи Сурх
- Сарфарозшудагон бо медали «Барои ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—1945»
- Википедия:Саҳифаҳо бо корбурди параметри «ном» дар шаблони «Қуттӣ»
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Википедия:Қуттии бидуни параметр
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P18)
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P373)
- Қаҳрамонони саветӣ