Булғористони Волга
Булғористони Волга | |
|---|---|
| русӣ: Волжская Булгария | |
| [[Суруди миллии {{{Номи одӣ}}}|Суруди миллии {{{Номи одӣ}}}]] | |
|
|
|
| Забонҳои расмӣ | Bulgar[d][1] |
| Пойтахт | Bolghar Gord[d], Bilär[d] ва Bolgar[d] |
| Воҳиди пул | динор ва Сӯм |
Булғористони Волга — давлати қадимии асри X – миёнаҳои асри XIII дар Поволжеи Миёна, аз резишгоҳи дарёи Сура то хамгашти Самара ва қисман дар ҷануби Наздиурал.
Маҳалли ҷойгиршавӣ ва тарзи зиндагии аввалини булғорҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Маркази сарзамини Булғористони бостон дар мобайни дарёҳои Волга, Кама ва ҷануби минтақаи маҳалҳои ин ду дарё воқеъ будааст. То нимаи аввали асри IV булғорҳо монанди дигар аҳолии туркнажоди даштҳои Руссия хайманишинӣ карда, шуғли асосиашон чорводорӣ будааст. Ба нигориши Ибни Фазлон, ҳокимони Булғористони Волга макони доимиву пойтахт надоштаанд ва ҷойи зисташонро иваз намуда, аксаран дар хаймаҳои бузург мезистаанд ва расму одатҳои анъанавии хешро пос медоштаанд. Мутобиқи навиштаҳои Истахрӣ, аҳолии Булғористон зимистон дар хонаҳои чӯбӣ ва тобистон дар хаймаҳо зиндагонӣ мекардаанд.
Пайдоиш ва сарчашмаҳои таърихии қабилаҳои булғор
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар маъхазҳои исломӣ ба мардумони турктабор нисбат дода мешавад, ки дар аввалҳои асрҳои миёна ба ду давлат – яке дар водиҳои дарёи Волга ва дигараш дар соҳилҳои дарёи Дон бунёд гузоштаанд. Номашро аз ҷамоаи булғорҳои кӯчии туркзабон, ки дар асрҳои VII–VIII аз қисмати ҷанубии Подона муҳоҷир шуда омадаанд, гирифтааст. Булғорҳои аслӣ ҳангоми яке аз ҳуҷумҳои шадиди гунҳо дар асри V ба даштҳои ҷануби Руссия кӯч бастаанд. Нахустин бор доир ба булғорҳо Юҳаннои Атокӣ маълумот додааст, ки аз ёрии онҳо ба император Зено дар ҷанги соли 481 ба муқобили гунҳо ёд мекунад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Булғористони Волга // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2026, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Давлатҳо аз рӯи алифбо
- Давлатҳо бидуни хосият дар Викидода:p41
- Давлатҳо бидуни хосият дар Викидода:p78
- Давлатҳо бидуни хосият дар Викидода:p85
- Давлатҳо бидуни хосият дар Викидода:p94
- Давлатҳо бидуни хосият дар Викидода:p163
- Давлатҳо бидуни хосият дар Викидода:p237
- Давлатҳо бидуни хосият дар Викидода:p421
- Давлатҳо бидуни хосият дар Викидода:p474
- Давлати Қадимӣ
- Pages using the Kartographer extension