Булғор (рустани)
| Булғор (рустани) | ||||||||||
|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| Общий вид взрослого дерева | ||||||||||
| Табақабандии илмӣ | ||||||||||
|
ХАТО: шаблони таксономӣ вуҷуд надорад {{Styphnolobium}}, ки бояд мавқеи систематикии таксони Styphnolobium-ро муайян кунад.
Вид: Булғор (рустани) |
||||||||||
| Номи илмӣ | ||||||||||
|
Styphnolobium japonicum (L.) Schott, 1830 |
||||||||||
| Мутародифот | ||||||||||
| ||||||||||
Булғор (Sophora) — ҷинси рустаниҳои бисёрсола аз оилаи лӯбиёиҳо.
Тавсиф
[вироиш | вироиши манбаъ]Беш аз 62 намуд дорад. Асосан дар минтақаҳои тропикию субтропикии Аврупои Ҷанубу Шарқӣ, Осиёи Марказӣ, Австралия, ҷазираҳои Уқёнуси Ором ва Амрикои Ҷанубӣ вомехӯрад. Дар Тоҷикистон як намуди он – Булғори ҷопонӣ (S. japonica)-ро мепарваранд. Рустании хуби ороишист. Баландиаш 25 м, шохсораш курашакл. Баргаш паршакли тоқа, байзашакл (дарозиаш 2–5 см). Гулаш хӯшбӯйи сафед, гулобӣ ё зард. Хӯшагулаш туғшакл (дарозиаш 35 см). Ғилофакаш байзашакл. Июл-сентябр гул мекунад. Рустании сояпарвард аст. Дар таркибаш аз алкалоидҳои ситизин, сафокарпин ва матрин мавҷуданд. Булғор рустании доруист. Бо қиёми самари он ҷароҳатро мешӯянд, ҷойҳои сӯхтагиро тарбандӣ мекунанд. Аз хӯшагулаш рутин мегиранд, ки барои муолиҷаи мӯрагҳо муфид аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Булғор // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.