Jump to content

Бурхвалӣ Ғуломҳайдаров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бурхвалӣ Ғуломҳайдаров
Таърихи таваллуд: 28 май 1954(1954-05-28) (71 сол)
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ:
Касб: ҳунарпешаи театр, ҳунарпешаи синамо, садогузор
Ҷоизаҳо:
IMDb: ID 2445099

Бурхвалӣ Ғуломҳайдаров (зод. 28 майи 1954, ноҳияи Қалъаи Хумб) — ҳунарпешаи театру синамои тоҷик. Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2021).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бурхвалӣ Ғуломҳайдаров 28 майи соли 1954 дар деҳаи Пошхарви ноҳияи Қалъаи Хумб ба дунё омадааст[1]. Шашмоҳа буд, ки модараш Ширинмоҳ дар 29-солагӣ ва сесола буд, ки падараш Ғуломҳайдар - раиси ҷамоат, дар 45-солагӣ даргузашт[2]. Ӯро падарбузургу модарбузургаш ба воя расонидаанд[3].

Read more:

Соли 1975 Институти давлатии педагогии Душанберо ба итмом расонда, фаъолияташро дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Хуҷанд ба сифати артисти кор ва минбаъд актёр оғоз бахшидааст. Аз соли 1978 инҷониб актёри Театри давлатии академии драмаи ба номи Лоҳутӣ мебошад.

Дар қаламрави саҳна ба қадри ҳол тардид афканд ва симоҳои ҷолибе дар спектаклҳои зиёд, амсоли «Ҳамлет», «Шоҳ Лир», «Роҳзанҳо», «Ромео ва Ҷулетта», «Сухан ва шамшер», «Садои Осиё», «Ибтидо», «Ҳақикати талх», «Ҷияни хира», «Садо аз тобут», «Синбоди дарёгард», «Буд, набуд», «Кӯзаи гӯё», «Интихоби домод», «Зардушти доно», «Куруш ва Томирис», «Дилҳои хаста», «Раъду барқ», «Афсонаҳои мӯйсафед», «Шов-шов», «Аёдат», «Чархи гардон», «Ориёӣ», «Шерафган», «Ҳамсафар» ба хидмат овард.

Дар филмҳои ҳунарии «Марди роҳ»-и Давлат Худоназаров, «Ҷосус»-и режиссёр Бақо Содиқ, «Ал-Бухорӣ», Бақо Содиқ, «Марги бегуноҳ»-и Юнус Юсуфов), «Оқибат»-и Худойдод Орифӣ ва ғайра нақшҳои ҷолибу диданӣ офаридааст. Дар намоишҳои телевизионии «Буд-набуд», «Алифбоҷон», «Беғараз панд» нақшҳо бозидааст.

Саҳмаш дар дубляжи филмҳо ба забони тоҷикӣ калон мебошад.

Унвону ҷоизаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бурхвалӣ Ғуломҳайдаров бо унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2021), медали Хидмати шоиста (2013), нишони Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2000) қадр шудааст[2].

  1. Бурхвалӣ Ғуломҳайдаров: "Орзу доштам, ки нақши Чатскийро бозӣ кунам". ruzgor.tj. Рӯзгор. 28 май 2025 санҷида шуд.
  2. 2.0 2.1 Умари Шерхон. Парваришёфтаи интернати СССР - дарёфтаи шуҳрату бахт. Фараж (1 июни 2024). 28 май 2025 санҷида шуд.
  3. Меҳрофарин Наҷибӣ. “Парвози ҳунар”. Таҷлили 70-солагии умр ва 50-соли фаъолияти эҷодии ҳунарпеша Бурхвалӣ Ғуломҳайдар(тоҷ.). asiaplustj.info. ASIA-Plus (6 июни 2024). 28 май 2025 санҷида шуд.
  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.