Бурҳониддин Тӯраев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сайид Бурҳониддини Бузургмеҳр
Бурҳониддин Бузургович Тӯраев
Таърихи таваллуд 18 апрел 1966(1966-04-18) (57 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Ғончӣ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филология
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Бурҳониддин Бузургович Тӯраев (тахаллусаш Сайид Бурҳониддини Бузургмеҳр, тав. 18.04.1966, деҳаи Каҷровути ноҳияи Ғончӣ) — забоншинос, номзади илмҳои филологӣ (2010), узви Конфедератсияи байналмилалии Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон (1997).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1986—1987 шунавандаи бахши рӯзонаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин буд. Солҳои 1987—1992 дар факултети филологияи тоҷики донишгоҳи номбурда таҳсил кардааст. Солҳои 1992—1995 лаборанти калони гурӯҳи яғнобшиносии назди Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии АИ ҶТ, ҳамзамон 1992—1996 коршиноси калон ва мудири китобхонаи форсии Бунёди фарҳангии Тоҷикистон, 1995—1996 муҳаррири адабии барномаи «Гулзори сухан»-и идораи адабиёт ва ҳунари радиои Тоҷикистон, 1996—1998 ходими адабӣ ва узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Тоҷикистон», 1996—1999 унвонҷӯи бахши диншиносӣ ва назарияи озодандешии Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон, 2000—2004 муҳаррири тоҷикии маҷаллаи илмии «Паёми Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон», 2004—2006 ассистенти кафедраи таърихи забон ва типологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Солҳои 2006—2007 ба ҳайси сармутахассиси Маркази таълимию методии макотиби маълумоти миёна ва муассисаҳои таълимии олии назди Вазорати маорифи Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 2007 то имрӯз ҳамчун ассистент, муаллими калони кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ кор мекунад.

Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Оид ба ҷиҳатҳои лексикӣ-семантикӣ ва калимасозии микротопонимҳои Яғноб кори илмӣ бурда, муаллифи якчанд асару мақолаҳо мебошад. Инчунин дар риштаи илмҳои таърих, мардумшиносӣ, фарҳанг ва тамаддун, фолклоршиносӣ (эҷодиёти шифоҳии мардум), забоншиносӣ, номшиносӣ (ономастика, бавижа бахши номҳои ҷуғрофӣ-топонимика), диншиносӣ ва адабиётшиносӣ зиёда аз 100 номгӯи асару мақолаҳо чоп кардааст. Бо тахаллуси Сайид Бурҳониддини Бузургмеҳр дар саҳифаҳои матбуоти даврии Тоҷикистон зиёда аз 50 мақолаҳои публисистӣ нашр кардааст. Дар филмномаҳои «Бинои дӯстӣ», «Бобои Миралӣ», «Ҳамовоз», «Ҷалоли шаҳри ишқ» бахшида ба 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (дар ин филм ба ҳайси мушовир ва ҳунарпеша дар нақши шогирди Шамси Табрезӣ — шайх Бурҳониддин нақш бозидааст), филми портретии «Фарзанди кӯҳистон» (ба 80 солагии Моёншо Назаршоев), «Мансур Носиров» ба 80 солагии Арбоби шоистаи соҳаи ҳуқуқ ба ҳайси муҳаррир, мушовир ва ёвари коргардон фаъолият кардааст. Дар филми 50-қисмаи «Илм аз сурайё» бахшида ба 1310-солагии Имоми Аъзам Абӯҳанифа ба ҳайси муҳаррир ва мушовири илмӣ фаъолият карда, инчунин дар нақши яке аз шогирдони Имоми Аъзам ҳунарнамоӣ кардааст.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Аҳвол ва афкори Ҳазрати [[Имоми Аъзам]], Д., 2000, 2009;
  • Аҳвол ва осори Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа (бахшида ба 1310-солагии Имоми Аъзам), Д., 2009;
  • Наврӯзи марзи Яғноб // Маҷ. Ошно, Теҳрон, 1376(1996);
  • Ҳазрати Имоми Аъзам // Маҷ. Тоҷикистон, Д., 1998;
  • Меҳргон дар Шоҳнома // Маҷ. Адаб, Д., 1995;
  • Шоҳнома бузургқомуси худшиносӣ // Маҷ. Шоҳроҳи ваҳдат, Д., 1998;
  • Амирушшуарои шеъри тоҷик (ба 60-солагии устод Лоиқ Шералӣ) // Маҷ. Шоҳроҳи ваҳдат, Д., 2000;
  • Наврӯз ҷашни қудсист // Маҷ. Илм ва ҳаёт, Д., 1995;
  • Муқаддасоти об дар Қуръон ва Ҳадис // Паёми Донишгоҳи миллӣ, Д., 2003;
  • Аз таърихи омӯзиши микротопонимияи Яғнобдара" // Забон рукни тоат (Маҷмӯаи илмӣ), Д., 2004;
  • Миллат дар ҷисм аст, фарҳанг ҷони ӯст // Фарҳанг, Д., 1998;
  • Шарқшиноси шаҳир ва забоншиноси камназир (ба ёдбуди 70-солагии профессор А. Л. Хромов // Паёми Донишгоҳи миллӣ, Д., 2003;
  • Баъзе аз масъалаҳои рушди илму фарҳанг дар аҳди Сосониён ва Суғдиён // Фарҳанг, Д., 2006;
  • Таърихи ташаккул ва таҳаввули суннатҳои мусиқии мардуми Яғноб // Маҷ. Рӯдакӣ, Д., 2007;
  • Таҳлили луғавии чанд топонимҳои Яғнобдара // Маҷ. Номаи пажӯҳишгоҳ, Д., 2007;
  • Вожаҳои суғдӣ дар топонимияи Яғноб // Паёми Донишгоҳи миллӣ, Д., 2008.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]