Jump to content

Бурҳон Сайдуллоҳи Машшоқ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бурҳон Сайдуллоҳи Машшоқ

Бурҳон Сайдуллоҳи Машшоқ (Сайдуллоҳи Хонанда; 1886, ноҳияи Оҳалики Самарқанд — 1943, Самарқанд) — навозанда, хонанда ва шоири тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Давраи омӯзишӣ, ҳунарандӯзӣ ва фаъолияти Бурҳон Сайдуллоҳ дар шаҳри Самарқанд аз Устод Роҳмибердии танбӯрӣ, Ҳоҷӣ Абдулазиз ва дигарон асосҳои амалии мақомхонӣ, созандагиро меомӯзад. Ӯ дар мактаб ва сабки иҷроии Самарқанд як падидаи нав маҳсуб шуда, дар ҷараёни шоха, гӯшаҳои созию овозии «Шашмақом» «Ушшоқ», «Дугоҳ», «Чапандози Наво», «Ироқи Бухоро», «Соқиномаи Ироқ», «Савти Сабо», «Талқинчаи Баёт» ва «Орази Наво» маҳорати баланди иҷроӣ ба харҷ додааст. Дар таҷдиду такмили бахшҳои созии мақомҳо («мушкилот») ҳам корҳои зиёде-ро анҷом дода, ин тозакориҳои иҷроияш дар до-ираҳои ҳунарии Самарқанд ва берун аз он пазируфтаанд. Бурҳон Сайдуллоҳ табъи хуби шеъргӯӣ ҳам дошта, ғазалро некӯ гуфта ва дар заминаи офаридаҳояш оҳангҳои марғуб ҳам сохта аст.

  • Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — С. 48 ISBN. — 978-99947-49-13-3.