Бурҳон Ғурурии Кошонӣ
Бурҳон Ғурурии Кошонӣ |
|---|
Бурҳон Ғурурии Кошонӣ (форсӣ: برهان غروی کاشانی; қарни XVI — қарни XVII) — шоири форсизабони Ҳиндустон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз содоти Кошон буд. Дар ҷавонӣ аз зодгоҳаш — Кошон ба Форс, аз он ҷо ба ш. Доробгирд рафт ва дар дарбори ҳукмрони ин шаҳр Муҳаммадқулихон буд. Муддате дар Ҳайдарободи Дакан ва сипас то охири умр дар Синд зиндагӣ кард. Ба мулозимати Абдурраҳими Хонихонон расида, дар мадҳи ӯ қасидаҳо навиштааст. Доруғаи зарробхонаи Тата шуд ва дар замони Шоҳиҷаҳон (1627−1656) аз олам даргузашт. Авҳадӣ бо Ғурурии Кошонӣ дар Эрон ва Ҳиндустон мулоқот ва дар асараш «Арафоту-л-ошиқин» аз истеъдоди шоирии ӯ ёд намудааст. Аз осораш маснавии «Соқинома» (176 байт), ки дар он тараннуми шодию хурсандиҳои зиндагӣ ва табиати дилрабои Ҳиндустон тасвир ёфтаанд, ба тавассути тазкираи «Майхона» то замони мо расидааст. Абёти парокандааш дар манбаъҳои адабии «Маосири Раҳимӣ», «Арафоту-л-ошиқин», «Ништари ишқ», «Оташкада», «Риёзу-л-орифин», «Шоми ғарибон» ва дигар манобеи адабӣ-таърихӣ сабт аст. Ғурурии Кошонӣ пайрави сабки ҳиндӣ буд ва дар шеър табъи баланду зеҳни мустақим дошт. Соҳибдевон буд. Девонашро Абдулбоқии Наҳовандӣ, муаллифи тазкираи «Маосири Раҳимӣ» мутолиа намуда, баҳои баланд додааст. Мутаассифона, девонаш то замони мо нарасидааст. Ашъораш бештар мазмунҳои ирфонӣ ва ҳасбиҳолӣ доранд.
Абёти зер аз ӯст:
Дар аҳди ҷамоли ту нагиранд зи гул об,
Акси ту ба ҳар об ки афтод, гулоб аст.
Аз бахт чӣ сон шиква тавон кард, Fурурӣ,
Бетолеии аҳли хунар расми қадим аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ғурурии Кошонӣ / З. Ғаффорова., С. Имронов // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.