Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Буғроҷуқ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Буғроҷуқ

Буғроҷуқ (фавт тахминан 1000) — бародари Сабуктегин ва амаки Султон Маҳмуди Ғаз­навӣ.

Фаъолияти ҳарбӣ ва сиёсии Буғроҷуқ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муддате волии Ҳи­рот буд. Ӯ дар лашкаркашиҳои мар­бут ба аҳди Нуҳ ибни Мансури Сомонӣ (ҳукумат 976–997) ёд шудааст. Ҷурфода­қонӣ хабар медиҳад, ки Буғроҷуқ дар силки бародарзодааш – Маҳ­муд ва бо фармони Сабуктегин барои саркӯбсозии Абул­қосими Симҷӯр, ки дар Нишопур алайҳи Нӯҳ ибни Мансур бархоста буд, ширкат варзидааст. Баъди раҳоии Хуросон аз ошӯбу саркашии Абул­қосими Симҷур ӯ боз ба назди Сабуктегин баргашт.

Иштирок дар муборизаҳои тахтшишинӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пас аз марги Сабуктегин байни писарони ӯ – Исмоил ва Маҳмуд барои тахти подшоҳӣ даргириҳо рух дод ва Б. аз Маҳмуд ҷонибдорӣ кард. Зо­ҳиран, Буғроҷуқ пеш аз марги бародараш – Сабуктегин ба аморати Ҳироту Пушанг расида, муддате ҳу­ку­мат карда буд.

Қатли Буғроҷуқ ва лашкаркашии Маҳмуди Ғазнавӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Буғроҷуқ дар набарди миёни ӯ ва Тоҳир ибни Халафи Саффорӣ, ки ҳамроҳи падараш–Носируддин Халаф ибни Аҳмад дар Сиистон алайҳи Маҳмуд бархоста буд, дар назди Пушанг ба қатл расид. Ин воқеа тахминан байни солҳои 998–1000 рух додааст, зеро Маҳмуди Ғазнавӣ моҳи июни 1000 ба Сиистон лашкар кашида, интиқоми ху­ни амаки хешро ситонида буд.