Буқроти Хиосӣ
Буқроти Хиосӣ | |
|---|---|
| юн. Ἱπποκράτης | |
| Таърихи таваллуд | тақрибан 470 то м.[1][2] |
| Зодгоҳ | |
| Таърихи даргузашт | 410 то м. |
| Самти фаъолият | shopkeeper, geometer, риёзидон, ахтаршинос |
Буқроти Хиосӣ ( юн. Ἱπποκράτης, лот. Hippocrates. Ҳиппократ дар ҷазираи Хиоси Юнони Қадим таваллуд ёфта, миёнаи солҳои 610–670 зистааст) — риёзидон (ҳандасадон) ва ситорашинос.
Зиндагинома ва фаъолияти умумӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Афина илми риёзиётро аз худ карда, риёзидони машҳур мешавад. Буқроти Хиосӣ аввалин касе буд, ки дар бораи ҳандаса китоб навишт («Усул»).
Навовариҳо дар ҳандаса ва китоби «Усул»
[вироиш | вироиши манбаъ]Равиши таҳлили ҳандасӣ (дар муқобили таркибе, ки асосан дар омӯзиши масъалаҳои ҳандаса он вақт ба кор мерафт), яъне таҳлили як масъалаи мураккаб ба масъалаи содатар ва сипас, ҳалли масъалаи нав ё табдили мухолифи масъала ба як масъалаи содатар ва исботи нодурусти он (ин навъ таҳлилро «бурҳони хулф» меномиданд) аз навоварии ӯст. Буқроти Хиосӣ ин равишро дар мавриди ду масъалаи машҳури дучандкунии куб ва квадратураи доира (дертар маълум шуд, ки ин масъаларо бо хаткашак ва паргор ҳал кардан имконнопазир аст) ва теоремаи дуюми китоби 12-уми «Усул»-и Уқлидус (нисбати масоҳати ду доираи монанд ба мураббаи қутрҳои онҳо) ба кор бурд.
Таҳқиқи масъалаи дучандкунии куб
[вироиш | вироиши манбаъ]Буқроти Хиосӣ бо таваҷҷуҳ ба он ки масъалаи дучандкунии квадрат (яъне ёфтани паҳлуи квадрате, ки сатҳи он ду баробари сатҳи квадрати маълум бошад ё кашидани хатте, ки дарозиаш аст) муодили ёфтани усули ҳандасии у миёни ду миқдори маълум буд (), масъалаи дучандкунии кубро (яъне, ёфтани паҳлуи кубе, ки ҳаҷми он ду баробари ҳаҷми куби маълум бошад ё ба ибораи дигар, ҳалли муодилаи , ки дар он а дарозии паҳлуи куби аввал аст, яъне кашидани порчаи хатти дарозиаш ба дараҷаи ду воситаи ҳандасии х ва y миёни ду миқдори маълуми а ва 2а () дигаргун кард (Умари Хайём дар асари «ал-Ҷабр ва-л-муқобала» ин масъаларо бо ҳалли муодилаҳои дараҷаи сеюм нишон додааст).
«Тарбиъи ҳилол» ва таъсир ба олимони баъдина
[вироиш | вироиши манбаъ]Буқроти Хиосӣ инчунин тасаввур кард, ки бо ёфтани равише барои сохтани квадрат ё секунҷае, ки масоҳаташ баробар бо масоҳати ҳилоли маълум бошад («тарбиъи ҳилол»), шояд роҳи ҳалли квадратураи доираро ёфт. Буқроти Хиосӣ гарчи дар ҳалли ин масъала ба роҳи хато рафт, лекин тавонист бори нахуст як шакли каҷеро тасвир кунад ва аз панҷ се навъи ҳилолро ёбад. Асари Буқроти Хиосӣ дар бораи тарбиъи ҳилолҳо куҳантарин равиши исботи риёзии давраи Юнони Қадим аст, ки то мо омада расидааст.
Буқроти Хиосӣ нахустин касест, ки барои номгузории нуқта ва шаклҳои ҳандасӣ аз ҳарфҳо истифода кардааст. Рисолаи Буқроти Хиосӣ дар бораи квадратураи доира ба 3 асари Ибни Ҳайсам (965–1039) таъсири калон расондааст ва бахше аз рисолаи «ал-Ҳилолиёт»-и ӯ такмили кори Буқроти Хиосӣ аст. Вай дар рисолаи «Тарбиъи доира» низ ҳамчун Буқроти Хиосӣ ин ду масъаларо ба якдигар алоқаманд донистааст.
Андешаҳо оид ба ситорашиносӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Буқроти Хиосӣ дар бораи Роҳи Каҳкашон ва зузанабҳо низ андешаҳои илмӣ дорад. Ба назари Буқроти Хиосӣ ва шогирдаш Эсхил ситораи думболадор сайёраест, ки худ думбола надошта, онро ҳангоми ҳаракат дар фазо пайдо мекунад, чунки нури чашми мо аз бухороти думбола инъикос шуда, ба Офтоб мерасад. Ситораи думболадор назар ба ситораҳои дигар пас аз муддати замонии хеле тӯлонӣ пайдо мешавад, зеро он дар пушти Офтоб аз ҳамаи онҳо сусттар ҳаракат мекунад. Вақте ки он боз дар ҳамон ҷой пайдо мешавад, аллакай як даври пурраро тай кардааст. Таҳқиқоти имрӯза исбот карданд, ки дар ҳақиқат думи ситора аз бухори об иборат аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Siegmund-Schultze R. Hippokrates fra Khios (норв.) — 2025.
- ↑ Ippocrate di chio - Enciclopedia (итол.)
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — 676 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2026, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.