Бёрнсон, Бёрнстерне Мартинус
Бёрнсон, Бёрнстерне Мартинус | |
---|---|
букмул Bjørnstjerne Bjørnson | |
![]() | |
Таърихи таваллуд: | 8 декабр 1832[1][2][3][…] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 26 апрел 1910[1][2][3][…] (77 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир, намоишноманавис, нависанда, рӯзноманигор, насрнавис, сиёсатмадор |
Забони осор: | Забони норвегӣ[2] |
Ҷоизаҳо: | |
Имзо: |
![]() |
![]() |
Бйёрнстйерне Мартиниус Бйёрнсон (норвегӣ: Bjørnstjerne Martinius Bjørnson; 8 декабри 1832, Квикне, Норвегия – 26 апрели 1910, Париж) — нависандаи норвегӣ. Барандаи ҷоизаи Нобел (1972).
Дар повести «Сюнёве Сулбаккен» (1857; ба тавассути он Б. чун нависанда шуҳрат ёфт) ва повестҳои «Ҷавони хушҳол» (1860), «Суруди тӯёна» (1872) ва ғ. Б. аз аҳвол ва рӯзгори мардуми деҳот бо тасвироти шоирона ҳикоя кардааст. Ҷиҳати басе ҷолиби эҷодиёти Б. таваҷҷуҳ ба ватандӯстӣ, эҳёи фарҳанги миллии мардуми Норвегия, худшиносии онҳо мебошад. Барои театрҳои шаҳрҳои Бергене ва Христиания намоишномаҳои романтикӣ дар мавзӯъҳои таърихи Норвегия таълиф намуд («Дар байни муҳорибаҳо», 1857; «Хулдаи ланг», 1858; «Шоҳ Сверре», 1861; «Сигурди бадхашм», 1862; «Сигурди салибдор», 1872) ва ғ. Намоишномаҳои иҷтимоӣ-танқидии ӯ: «Муфлисшавӣ» ва «Муҳаррир» чун «драмаҳои нав» дар мавзӯъҳои рӯз эътироф шуданд. Масъалаҳои иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва динӣ дар намоишномаҳои «Подшоҳ» (1877), «Низоми ҷадид» (1879), «Дастпӯшак» (1883), романҳои «Ғубор» (1882), «Парчамҳо дар шаҳр ва бандар» (1884), «Дар роҳи Худо» (1889), асари дугонаи «Аз ҳамаи нерӯҳо қавитар» (1883–95), намоишномаҳои баъдинаи ӯ «Паул Ланге ва Тура Парсберг» (1898), «Ҷӯшиши шароби ноб» (1909) ва ғ. матраҳ гардидаанд. Б. муаллифи Суруди Миллии Норвегия «Бале, мо ин заминро дӯст медорем» (1859) мебошад.
Эзоҳ[вироиш]
- ↑ 1.0 1.1 1.2 Немецкая национальная библиотека, Берлинская государственная библиотека, Баварская государственная библиотека и др. Record #118511459 // Общий нормативный контроль (GND) — 2012—2016.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF: платформа открытых данных — 2011.
- ↑ 3.0 3.1 Encyclopædia Britannica
Адабиёт[вироиш]
- Неустроев В. П. Литература скандиновских стран (1870–1970). М., 1980.
Сарчашма[вироиш]
- Бёрнсон, Бёрнстерне Мартинус // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2017, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.