Бӯрхок

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бӯрхок — як навъи хок. Бӯрхок дар беша ва биёбону дашт (нимбиёбон) паҳн шудааст. Бӯрхоки бешаи паҳнбарг (баъзан коҷзор) дар шароити гармӣ ва нами муътадил аз ҷинсҳои таркибашон гуногун ҳосил мешавад. Маъмулан, бо ранги бӯр ва ғурӯшанокияш фарқ мекунад. Дар буриши амудӣ Бӯрхоки беша ба қабатҳои пӯсида А0 (2–5 см), порухок А1 (15–20 см, баъзан то 30 см) ва гил В (аз 15 то 40 см) ҷудо мешавад. Қабати порухок аз ҳама зиёд (6–60%) аст. Туршии Бӯрхоки беша ба мавқеи ҷуғрофиёии он вобастагӣ дорад. Туршии Бӯрхок дар ноҳияҳои ҷанубӣ, маъмулан, зиёдтар аст. Бӯрхоки беша асосан дар қисмҳои ғарбӣ ва марказии Аврупо, Хитой, Корея, Қрим, Қафқоз, Шарқи Дур мавҷуд аст. Дар Бӯрхоки беша тамоку, ток, чой ва ғ. мепарваранд. Барои хоҷагиҳои ҷангал низ аҳаммияти бузург дорад.

Бӯрхоки нимбиёбон хоки карбонатӣ буда, порухоки кам (1,5–2,5%) дорад. Аз набототи биёбон (асосан аз дармана) дар шароити хунукии муътадил ва иқлими хушк ҳосил мешавад. Дар буриши амудӣ ба қабатҳои болоӣ (хоки пӯсида), мобайнӣ (хоки ковоки серкулӯх) ва поёнӣ (хоки серкулӯхи шӯрча) ҷудо мешавад. Бо зиёд шудани умқи қабат миқдори карбонатҳо зиёд мегардад. Б.-и нимбиёбон минтақаи ҷудогона аст.

Тоҷикистон бӯрхоки хокистарранги биёбонию даштӣ доррад, ки он дар иқлими гарму хушк ҳосил шудааст. Бӯрхоки хокистарранги регзор бештар дар водии д-ҳои Сир, Ому, поёноби д-ҳои Вахш ва Кофарниҳон дучор меояд. Бӯрхоки хокистарранги санглохро дар баромадгоҳи сой ва дараҳо (дар водиҳои Фарғона, Кофарниҳон, Вахш ва ғайра) дидан мумкин аст. Бӯрхоки нимбиёбон чун чарогоҳ истифода мешавад.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Кутеминский В. Я., Леонтьева Р. С. Почвы Таджикистана. Д., 1966;
  • Таджикистан (природа и природные ресурсы). Д., 1982.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]