Бӯстон (деҳа, н. Вахш)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Бӯстон
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Вахш
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 1622 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3246
Нишонаи почта 735140

Бӯстондеҳа дар ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистони ноҳияи Вахш. Аз Б. то маркази ноҳия 6 км; роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 1538 нафар (2013). Деҳа мактаб надорад. Талабагон дар мактаби таҳсилоти умумии асосии деҳаи Ҳаёти Нав таҳсил мекунанд. Б. бунгоҳи тиббӣ, нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, сабзавоткорӣ, ғаллакорӣ ва боғу токдорӣ. Заминҳо аз дарёи Вахш ба воситаи наҳр обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Б. 30 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, хоҷагии деҳқонии «Бӯстон» ва хоҷагии тухмипарварии «Кӯлоб» мавҷуд аст. Деҳа то соли 1985 як теппаи баланди ноободе буда, бо ташаббуси собиқ раиси к-зи «Москва» Саломов Абдулаҳад обод гардид ва Б. ном гирифт.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]