Бӯстон (шаҳрак, н. Масчо)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Бӯстон (шаҳрак, н. Мастчоҳ))
Jump to navigation Jump to search
Шаҳрак
Бӯстон
Нишон
Нишон
Кишвар

Тоҷикистон

Вилоят

Вилояти Суғд

Ноҳия

Ноҳияи Масчо

Ҷамоат

Шаҳраки Бӯстон

Координатаҳо

40°31′18″ а. шим. 69°19′51″ т. ш.HGЯO

Номҳои пешина

деҳаи Янтоқ

Забони расмӣ

тоҷикӣ

Аҳолӣ

12300 (2012) нафар

Вақти минтақавӣ

UTC+5

Коди телефон

+992

Нишонаи почта

735

Нишон додан/Пинҳон кардани харита
Бӯстон дар харитаи
Бӯстон
Бӯстон

Бӯстон (собиқ Янтоқ) — шаҳрак, маркази ноҳияи Мастчоҳ. Аз Бӯстон то ш. Хуҷанд 59 км, то истгоҳи роҳи оҳани Бекобод 43 км. Аз Бӯстон роҳи автомобилгарди Хуҷанд — Тошканд мегузарад. Аҳолиаш 12300 нафар (2012).

Иқтисод[вироиш]

Дар Бӯстон коллеҷи кишоварзӣ, литсейи касбӣ-кишоварзӣ, омӯзишгоҳи омӯзгорӣ, мактаби санъат, 5 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 боғчаи бачагона, 4 мағоза, 2 ошхона, 2 чойхона, нуқтаи хидмати маишӣ, 2 муассисаи фарҳангӣ-фароғатӣ, 2 бунгоҳи тиббӣ, 2 дорухона, беморхона, дармонгоҳ, беморхонаи пешгирии касалиҳои сил, 2 китобхона мавҷуд аст. Дар Бӯстон идораи хоҷагии ҷангал, ҷамъияти матлубот, раёсати умури кишоварзӣ, пойгоҳи нақлиётӣ (автобаза), муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилӣ, ситоди ҳолатҳои фавқулода, шуъбаи маориф, комиссариати ҳарбӣ, шуъбаи корҳои дохилӣ, идораи суди ноҳиявӣ, прокуратура, муассисаи серсоҳаи хоҷагии манзилӣ-коммуналӣ, идораи нозироти андоз, шуъбаи омор, сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ, ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии «Рӯдакӣ» ва «Сино», заводи пахта, заводи равғанкашӣ, корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикани «Чашмасор», ҶММ ба номи Ҳасан Абдулов, ҶММ «Музаффар» ва «Дорис» фаъолият мекунанд. Дар маркази шаҳрак барои хотираи шаҳидони ҶБВ лавҳаи ёдгорӣ гузошта шудааст. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, зироаткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо ба воситаи наҳри «Тоҷикистони Советӣ» аз д. Сир обёрӣ мешаванд.

Нигаред низ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]